Ҷузъиёти тоза аз тақсимоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар бораи тақдири хонаҳои наздимарзӣ маълумот дод.

Ӯ дар мусоҳиба бо Ожонсии иттилоотии “Кабар” дар мавриди тақрибан ҳал шудани масъалаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон гуфт ва таъкид кард, ки қадамҳои минбаъда барои расмӣ кардани ҳуҷҷатҳо ва аломатгузории марз равона шудаанд.

Ҷабборов иддао карда, ки ҳангоми муайян намудани хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон манфиатҳои ҳарду тараф ба назар гирифта шудаанд.

“Мо қариб ҳазор километр сарҳад дорем. Дар бисёр минтақаҳо қитъаҳои баҳсбарангез буданд. Дар баъзе мавридҳо ин қитъаҳо баробар тақсим шудаанд.” – мегӯяд раисҷумҳури Қирғизистон.

Инчунин ӯ гуфтааст, ки таваҷҷуҳи махсус ба деҳаҳои наздимарзие дода шудааст, ки хонаҳои омехта монанди тахтаи шоҳмот сохташуда доранд, ва агар хонаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар тарафи Қирғизистон қарор гирифта бошанд, ҷониби Тоҷикистон онҳоро мекӯчонад.

“Агар хонаҳои мо дар тарафи Тоҷикистон бошанд, мо шаҳрвандони худро мекӯчонем ва барои онҳо бо дарназардошти андозаи заминҳои онҳо хонаҳои нав месозем.”— изҳор дошт Ҷабборов.

Раисҷумҳури Қирғизистон инчунин гуфт, ки ҳангоми оғоз шудани корҳои аломатгузорӣ маълумоти пурра пешниҳод карда мешавад ва аломатгузорӣ 1-2 сол идома хоҳад кард.

То ҳол ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ва Саймумин Ятимов, раиси КДАМ дар бораи гуфтушунидҳои марзӣ чизе нагуфтаанд ва маълум нест тақсимот дар марз то куҷо баробар сурат гирифтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон пештар низ баъзе аз ҷузъиёти марзиро ошкор карда буд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам беш аз 980 километр марзи муштарак доранд ва дар баъзе аз нуқтаҳои баҳсбарангез солҳои ахир даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифта буд.

Охирин муноқишаи бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Пас аз чандин соли муноқиша 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид ва пас аз он раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ба расонаҳо гуфтаанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.