30.9 C
Dushanbe

Варшава: Раҳпаймоӣ дар ҳимоят аз гурезаҳо

17-уми октябр дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон раҳпаймоии бузурге дар ҳимоят аз гурезаҳо баргузор шуд.

Ин раҳпаймоии эътрозӣ бо ҳадафи напазируфтани сиёсати ҳалли бӯҳрони муҳоҷират, ки ҳукумати Лаҳистон онро қабул кардааст, гузаронида шуд.

расм аз warszawa.wyborcza.pl

Бино ба навиштаи вебгоҳи рӯзномаи машҳури Лаҳистон “Виборча” (warszawa.wyborcza.pl), дар ин

Ташаббускорон роҳпаймоиро бо суханони зерин оғоз карданд: – “Мо бонги хатар мезанем. Даҳҳо нафар дар ҷангалҳои Полша зиндагӣ мекунанд. Мо имрӯз барои он ҷамъ омадем, ки амали мақомоти Лаҳистон ғайриинсонӣ ва пастзананда аст.”

Ёдовар мешавем, ки тобистони имсол бӯҳрони муҳоҷират дар марзи Лаҳистон ва Беларус якбора авҷ гирифт. Сарбозони лаҳистонӣ маҷбур шуданд, ки барои мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар сарҳад бо Беларус симхор насб кунанд. Аз 2-юми сентябри соли ҷорӣ дар сарҳади Лаҳистон бо Беларус вазъияти фавқулодда ҷорӣ шуд, ки он 183 нуқтаи аҳолинишинро дар бар мегирад.

Ҳамарӯза марзбонони Лаҳистон аз кӯшиши сершумори ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатӣ хабар медиҳанд.

Бино ба иттилои нерӯҳои марзбонии Лаҳистон, аз аввали моҳи октябр то кунун беш аз ҳафт ҳазор талоши убури ғайриқонунии марз аз Беларус ба Лаҳистон сабт шудааст. Аммо аз аввали моҳи сентябр ин шумора тақрибан 20 ҳазор нафар рост меояд.

Пеш аз ин, палатаи поёнии парлумони Лаҳистон (Сейм) будҷаи сохтмони девор дар сарҳад бо Беларусро тасдиқ кард, ки ҳазинаи он 359 миллион евро бароварда шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.