14.9 C
Dushanbe

Вазири меҳнат худи занони мардикорбозорро дар надоштани шуғл гунаҳкор донист

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷкистон мегӯяд, дар Тоҷикистон сатҳи бекорӣ ҳатто дар замони пандемӣ боло нарафта. Ва дар давоми 9 сол  дар кишвар 1,9 млн ҷойҳои нави корӣ нав таъсис додаанд.

Вазири меҳнат, Ширин Амонзода чунин гуфтаҳоро дар мусоҳибае бо нашрияи ҳукуматии “Ҷумҳурият” ироа кардааст.

Ба иттилои вазир, дар Тоҷкистон татбиқи “Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон”, ки аз солҳои 2012 то 2020 идома кард ба анҷом расид ва танҳо дар ҳамин давра дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 1,6 млн ҷойи корӣ таъсис дода шуд.  

“Дар натиҷаи татбиқи стратегия давоми солҳои 2012 – 2020 дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 1,6 миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуд, дар ин замина бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат 451,3 ҳазор шаҳрванд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ бо ҷойи кор таъмин гашт”.

Дар ҳамин ҳол вазир мегӯяд, дар ин давра теъдоди аҳолии машғули кор аз 2 миллиону 291,5 ҳазор нафар то ба 2 миллиону 463, 4 ҳазор боло рафт, ки афзоиш ба 137,8 ҳазор нафар ё 12,7 дарсад рост меояд. Аммо он ки 1 млн 42 ҳазор ҷойҳои кории дигар куҷо шуданд маълум нест. Баста шуданд ё касе нахост дар он ҷойҳои кории таъсисдодаи вазорат кор кунад, вазир ин нуктаро шарҳ надодааст.

Ҳамзамон, дар ҳамин мусоҳибааш вазир гуфт, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида имкон фароҳам омад, ки дар давраи авҷи пандемияи коронавирус фаъолияти муназзами ташкилоту муассиса ва корхонаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардад ва ба ин васила вазъ дар бозори меҳнати кишвар муътадил нигоҳ дошта шавад.

Соли гузашта дар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ, зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис ёфт. Шумораи қувваҳои корӣ соли 2020  нисбат ба соли 2019-ум 3,7 дарсад афзуд. Дар ин замина, теъдоди аҳолии машғули кор низ аз 2314,9 ҳазор нафари соли 2019 то ба 2402,8 ҳазор нафар расид.

Ба иддаои Ширин Амонзода, қатъи назар аз таъсири бемории сироятии COVID – 19 ба вазъи бозори меҳнат, сатҳи бекории расмӣ дар ҷумҳурӣ ҳудуди 2 – 2,2 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки ин нишондиҳанда қабл аз хуруҷи бемории мазкур ҳам дар ҳамин сатҳ қарор дошта аст.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, дар бораи занони “мардикорбозор”- и шаҳри Бохтар низ ибрози назар карда худи занонро, дар надоштани ҷойи кор гунаҳкор донист. Бояд, гуфт, ки дар ин бозор занҳои зиёде соатҳо интизори корфармо менишинанд ва чанде пеш вазир аз аҳволи онҳо дидан карда буд.

“Баъд аз дидору суҳбатҳо, ба хулосае омадам, ки мушкили асосии онҳо дар надоштани донишу тахассуси муайян ва илова бар ин, талош накарданашон барои соҳибтахассус шудан аст. Аслан, пайдо кардани шуғл мушкил нест, балки душворӣ дар роҳҳои расидан ба он ҷой дорад, ки аз ҳар инсон донишҳои зеҳниро тақозо мекунад. Нафаре, ки наметавонад нависад, хонад ва ё намехоҳад кореро ба таври муназзам ва тахассусӣ омӯзад, мушкилоти асосии ӯ мебошад”.

Дар ҳамин ҳол вазир мегӯяд, ки тасмим гирифтаанд қабл аз ҳама бо зеҳнияти ин нафарон кор бигиранд ва онҳоро соҳибихтисос гардонанд.

Вазир гуфт, ки баъди чанд рӯзи ин шиносоӣ, тавассути сохторҳои маҳаллии вазорат дар вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардида, 48 нафар бо кори доимӣ таъмин ва 280 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати тахассусӣ аз рӯйи талаботи бозори меҳнат ҷалб шуданд. Ба онҳо ихтиёран дар як ҳафта се рӯз барои кор ва се рӯз ба омӯзиши касбу ҳунар пешниҳод шуд.

Дар охир Ширин Амонзода ба мисли мансабдорони дигар ҳамон омрҳои куҳнаро бори дигар такрор карда, ки тибқи он омор Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 36,1 миллиард сомонӣ то ба 82,6 миллиард сомонӣ афзуд, ки ҳаҷми афзоиш ба 46,5 миллиард сомонӣ ё 2,3 маротиба баробар мешавад.

Дар давраи татбиқи стратегия, ки бештар аз 8 сол идома дошта ӯ мегуяд, музди меҳнати миёнаи номиналии кормандони ҳама соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз 555,2 сомонӣ ба 1393,7 сомонӣ расид. Аммо ба мисли мансабдорони дигар ва ҳатто расиҷумуҳур, ӯ ҳам нагуфт, ки дар ин давра чи қадар қурби сомонӣ уфт карда ва нарх дар бозорҳо боло рафта ва ин маош барои зиндигии сокинон басанда аст ё ахйр.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷкистон пайваста бо боло рафтани қурби доллар дар баробари пули миллӣ нархи ҳам маҳсулот ва ҳам хидматрасониҳо боло меравад ва мансабдорон дар баробари ироаи омор дар ин бора чизе намгӯянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.