Вазири мудофиа аз бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ огоҳ будааст, пас чаро чора намеандешад?

Вазири мудофиа эътироф намуд, ки дар қисмҳои низомии Тоҷикисон бадрафторӣ ва зургӯйӣ нисбати сарбозон ҷой дорад.

Саидҷаъфар Усмонзода раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар нишасти Маҷлиси намояндагон аз Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо дар мавриди муносибатҳои ғайриқонунӣ дар қисмҳои ҳарбӣ суол кард. Усмонзода аз ӯ пурсидааст, ки оё аз вазъияти қисмҳои низомӣ хабар доред, ки дар онҷо нисбати сарбозон чӣ мегузарад.

Усмонзода аз вазири пурсидааст: “Муҳтарам вазир, муносибатҳои ғариоинномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, агар гӯем маъмулӣ шудааст, хато намекунем. Аз ин хусус зимни суҳбату мулоқот бо интихобкунандагон волидайне, ки фарзандонашон хизмати аскариро ба ҷой меоранд, изҳори ташвиш мекунанд”.

Вазири мудоифа дар ҷавоб ба суоли Усмонзода гуфтааст: “Мутаассифона, чунин ҳолат ҷой дорад. Вазорати мудофиа ҳама чораро меандешад то ба чунин вазъ хотима диҳад. Ҳарчанд теъдоди чунин вайронкуниҳо тӯли солҳои охир ду — се маротиба кам шудааст, вале то ҳол он хотима наёфтааст.

Усмонзода яке аз сабабҳои гурези ҷавононро аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба ин омил вобаста дониста, гуфта, ки бештари волидон аз сабаби зӯргариву бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ намегузоронад фарзандонашон хизмат намоянд.

Раиси ҲДТ чанд ҳолатро ҳамчун ҷой доштани зӯргӯӣ ва лату кӯб дар байни сарбозон аз қисми ҳарбии марбут ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав ва қисми ҳарбӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе мисол овардааст.

“Чунин мисолҳои муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар дигар қисмҳои ҳарбӣ низ ҷой дошта, боис шудааст, ки ҷавонони синни даъват ба ҳар роҳ мекӯшанд аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ сар печанд. Барои аз миён бардоштани чунин муносибатҳо чораҳои мушаххас андешидан зарур аст”, – гуфтааст Усмонзода. Ӯ аз вазири мудофиа барои бартараф намудани ин ҳолатҳо пурсидааст, ки чӣ барномаҳое руйи даст доранд.

Шералӣ Мирзо иброз дошта, ки бо қабули қонун дар таҳрири нав ба масъалаи зикршуда боз ҳам бештар диққат хоҳанд дод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.