14.9 C
Dushanbe

ВКД гуфт, Имомалӣ “облава” нашуда, балки бо иттиҳоми террористӣ дастгир шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба як навори “облава”-е, ки чанд рӯзи пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, изҳори назар кард.

Дар он навор дида мешуд, ки чанд нафар бо либоси мулкӣ мардеро ба мошин маҷбуран савор карданӣ мешаванд ва чанд зан ба ин амал монеъ шуданд, дар натиҷа мардуми зиёд ҷамъ омада ин амалро “облава” арзёбӣ карданд.

Тибқи иттилои ВКД дарвоқеъ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳудуди микрорайони 46-уми пойтахт сокини 39-солаи деҳаи Яккатути ноҳияи Рӯдакӣ Идибегов Имомалӣ Ҷӯрабековичро бо гумони робита бо террористон дастгир кардаанд.

Ҳамчунин дар хабари ВКД омадааст, ки Идибегов Имомалӣ солҳои 2015-2017 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият намуда, бо истифода аз шабакаҳои интерентӣ пайравӣ ва ҷонибдории худро ба ташкилотҳои террористӣ ба хусус “ДИИШ” нишон дода, ақидаҳои террористӣ, аксу наворҳои даҳшатзо ва матнҳои ифротгароёна тарғиб ва паҳн намудааст.

Ба навиштаи ВКД-и Тоҷикистон Имомалӣ дар якҷоягӣ бо шарикони ҷиноии худ Амиров Темур Манзаршоевич ва Сулаймонов Даврон Ҳакимҷонович – шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар қаламрави Федератсияи Русия як қатор амалҳои террористиро ба нақша гирифта, илова бар ин, онҳо ба фонди “Давлати исломӣ” маблағи муайян ворид кардаанд.

Гуфта мешавад, гумонбаршуда Имомалӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.

Бино ба иттилои ВКД 6 апрели соли 2021, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, Идибегов Имомалӣ Ҷӯрабекович аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.

Мақомот ҳамсар ва ронандаи таксиро низ дар сабти навори боздошти Имомалӣ ва нашри он гунаҳкор шумориданд. Ба гуфтаи мақомот онҳо ин боздоштро “облава” номиданд, дар ҳоле, ки он чунин набудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ таъкид мекунад, ки дастгир кардани Идибегов Имомалӣ дар асоси маълумотҳои дақиқи оперативӣ ва парвандаи ҷустуҷуии ҷиноятӣ бо моддаи 205 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия ва моддаи 401 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, ӯ ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Дар гузориш омадааст, нисбати шаҳрвандоне, ки ҳангоми боздошти гумонбар И.Идибегов ба кормандони милиса монеа эҷод кардаанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш шабакаи ютубии “Хабар тв” навореро нашр намуд, ки дар он “облава”- и як ҷавон аз ҷониби одамони номаълум нишон дода мешуд.

Дар ин навор дида мешавад, ки чанд мард, ки либоси мулкӣ ба тан доранд, мехоҳанд ҷавонеро дастгир карда ба мошини худашон шинонанд. Наворбардор бо нишон додани яке аз онҳо ӯро Нурзод муаррифӣ мекунад.

Рақами мошине, ки мехоҳанд ҷавонро ба он шинонда баранд низ нишон дода мешавад, ки 1555АВ04 мебошад.

Дар натиҷаи кашокаш ҷавони дохили мошинбуда беҳуш мешавад ва ӯро ба замин мехобонанд. Зане, ки зоҳиран аз наздикони шахси беҳушшуда буд, аз ҷавон ҳимоят мекард. Наворбардор мегӯяд шишаи мошини ӯро низ шикастаанд ва бояд посух гӯянд. Дида мешавад чанд марди раҳгузар низ дар наҷот додани ҷавон кӯмак мекунанд.

Аммо таҳлилгарон ва коршиносон ба изҳороти ВКД ба шубҳа менигаранд, онҳо мепурсанд, ки агар ин ҷавон ҷинояткор буду дар кофтукоб қарор дошт, чаро маъмурони милиса бо либоси мулкӣ ва он ҳам дар роҳ аз даруни мошин маҷбурӣ ӯро боздошт кардан мехоҳанд?

Чаро ӯро аз хонааш боздошт накарданд? Ӯро дар кӯча чӣ гуна дар ҳол шиносоӣ карданд ва бе кумаки КДМ ва пулис хостанд боздошт кунанд? Одатан шахсоне, ки ба чунин ҷиноятҳо муттаҳам мешаванд, дар роҳ бо ин шева боздошт намешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.