13.9 C
Dushanbe

Вохӯрии вазирони дифои Эрону Тоҷикистон дар пасманзарии даъвоҳо болои Ворух

Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, ки бо даъвати расмӣ аз 5 апрел озими Эрон шуд, имрӯз бо вазири дифои Ҷумуҳрии Исломии Эрон Амир Ҳотамӣ дидору гуфтугӯ дошт.

Бино ба гузориши хабаргузории Эрон “Порс” Амир Ҳотамӣ, вазири дифои кишвари Эрон ҳузури вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва ҳамроҳонашро дар мавсими зебои баҳор ва “ҷашни бостонии Наврӯз” дар Ҷумҳурии Исломӣ муборак дониста, умедворӣ карда, ки ин дидор оғози равобити ҷадиде дар муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ бо дӯстон ва бародарони тоҷик бошад.

Ҳангоми гулгузорӣ дар оромгоҳи Қосим Сулаймонӣ

Ҳотамӣ иброз дошта, ки Ҷумуҳрии Исломӣ бо вуҷуди таҳримҳо ва фишорҳои сангин дар ҳавазаҳои мухталиф пешрафтҳои чашмгире дошта. Ӯ мегӯяд, “Хушбахтона, моҳи октябри соли 2020, таҳримҳои аслиҳа алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон тибқи қатъномаи Шӯрои Амният ба поён расид ва мо дар содироти ашё ва таҷҳизоти дифоӣ дигар мушкиле надорем”.

Ҳотамӣ густариши ДОИШ ва гурӯҳҳои ифротгароро дар баъзе кишварҳои минтақа аз мавзӯҳои муҳим ва ҳассос донист.

Вазири дифои Тоҷикистон, Шералӣ Мирзо низ аз ҳузури худ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳори қаноатмандӣ карда ва иродаи Тоҷикистонро барои рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, низомӣ, мудофиавӣ ва ҳамаҷониба бо Эрони исломӣ ҷиддӣ хонда аст. Вазири тоҷик изҳор дошта, ки мо тавонистем дар муносибатҳои ду кишвар бо туфайли муштаракоти зиёди фарҳангию иҷтимоӣ ба натиҷаҳои хуб ва пурарзиши стратегӣ ноил шавем.

Вазири дифои Тоҷикистон аҳамияти ҳамкориҳои ду кишварро барои барқарории сулҳу субот ва амният дар минтақа таъкид намуда, қайд кардааст, ки муноқишаҳо ва ноамнии мавҷуда дар минтақа ҳамкории ду кишварро дар мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва рушду амнияти минтақа дучанд тақозо мекунад.

Даъвати вазири дифои Точикистон барои тавсеаи дучанди ҳамкориҳо дар ҳолест, ки чанд соли ахир муносибатҳои ин ду кишвар ба буҳрон мувоҷеҳ шуда буд.

Душанбе Эронро дар дастгирӣ аз мухолифони ҳукумати Раҳмон, ки ҳоло онҳоро дар Тоҷикистон мақомот “тероррист” медонад, муттаҳам мекунад. Ва вақтҳои ахир аз ин кишвар чандин дафъа ба номи “кишвари исломии ба мо маълум” дар филмҳои сиёҳкунандаи мухолифон аз тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ёд шуда аст. Аз сӯи дигар Теҳрон Душанберо дар гум шудани миллионҳо доллари Бобаки Занҷонӣ муттаҳам карданд.

Бо вуҷуди он ки чанд соли ахир Тоҷикистону Эрон муносибати чандон гарм надоранд, аммо бо навиштаи Радиои Озодӣ даҳ сол пеш ҳудуди 150 сарбозу афсари эронӣ дар реҷаи низомӣ бахшида ба ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон иштирок карда буданд.

Озодӣ менависад, он замон ки Шералӣ Хайруллоев мансаби вазири дифои Тоҷикистонро бар уҳда дошт, гуфта буд, ки “ҳам дӯсту ҳам душман як бори дигар дид, ки агар лозим шавад ду соат роҳ аст, ки қувваҳои мусаллаҳи Эрон дар Тоҷикистон бишаванд. Агар лозим шавад, мо ба Эрон меравем, якдигарро дастгирӣ карда дар байни дӯсту душман зиндагӣ мекунем.”

Дар пасманазари изҳороти вазири КДАМ-и Қирғизистон вобаста ба Ворух сафари вазири дифои Тоҷкистон ба Эрон ва баррасии ҳамкориҳои бисёрҷониба бо вазири дифои Эрон суолҳоеро ба бор овардааст. Чун ҳоло дақиқ нест, ки сафар аз қабл машварат шуда буд ва ё ногаҳонӣ сурат гирифт. Ва метавонад рабте ба масоли баҳсии сарҳади Тоҷкистону Қирғизистон дошта бошад.

Дар ин бора мо аз Ҳасан Биҳиштипур, коршиноси масоили Авруосиё назар пурсидем, ки пас аз ин ҳама оё Эрон омода аст ҳамкориҳои ҳамҷонибаро бо Тоҷbкистон аз сар бигирад? Биҳиштпур мегӯяд:

Ҳасан Биҳиштипур, коршиноси масоили Авруосиё

“Равобити Эрону Тоҷикистон муносибатҳои амиқ ва устуворест, ки аз умумиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии ду кишвар реша мегирад. Аз ин рӯ, тарҳи иттиҳомҳои бардурӯғ ва беасос аз ҷониби онҳое, ки бо ягон сабаб намехоҳанд, ки муносибатҳои хуби мардуми ду кишвар рӯз ба рӯз густариш ёбанд, наметавонанд монеаи ҷиддӣ дар муносибатҳои ду кишвар дониста шаванд. Эрон бо дарки амиқи тавтиъаи онҳое, ки мехоҳанд муносибатҳои ду кишварро бо баҳонаҳои мухталиф халалдор кунанд, то кунун бо ин навъи иттиҳмот шикебоиро пеша карда аст. Аз ин рӯ, оғӯши мақомоти Эрон барои истиқболи бародарони тоҷики худ дар ҳама гуна раддаи масъулияте, ки ҳастанд ҳамеша боз аст ва ҳамеша боз хоҳад буд. Мутаносибан, Эрон бешубҳа сафари вазири дифоъи Тоҷикистонро самимона истиқбол хоҳад кард ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи дифоиро нишонаи сатҳи баланди ҳамкориҳои ду кишвар ва иродаи ҳукуматҳо барои рушди ҳамкорӣ алайҳи ифротгароӣ ва терроризм мешуморад”.

Дар бораи он ки ин сафар метавонад рабте ба масъалаи сарҳадҳои ду ҳамсоякишвар бошад, оқои Биҳиштипур гуфт:

“Равобити Эрон ва Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ зидди кишвари саввум набуд ва нахоҳад буд, бинобарин сафари вазири дифоъи Тоҷикистон ба Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ҳамчун пуштибонии Эрон аз Тоҷикистон алайҳи Қирғизистон тафсир шавад. Эрон бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ равобити хуб дорад. Эрон намехоҳад нақши корти бозиро дар муноқишаҳои байни кишварҳои мухталиф бозад, аммо ҳатман омодагии комил дорад дар сурати тамоюли ду тараф барои ҳалли мушкилоти мавҷуд миёнҷигарӣ кунад”.

Дар ҳамин ҳол таҳлилгари тоҷик, Парвиз Муллоҷонов ратб доштани сафари вазири дифои Тоҷикистонро ба Эрон дар қазияи даъвои сарҳадӣ аз мантиқ дур намедонад. Ӯ ба суоли “Аздо тв” дар бораи он ки оё ин сафар метавонад ба масъалаи сарҳадҳои ду ҳамсоякишвар рабте дошат бошад гуфт:

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ

“Ин миконпазир аст. Албатта, мо ба таври возеҳ гуфт наметавонем, то кадом дарҷа ин дуруст аст ё нест, чун мо мутахассиси сатҳи гирфитани қарор надорем. Лекин ба ҳар ҳол ин имконпазир аст. мо инро инкор карда наметавонем, аз ҷиҳати мантиқӣ шояд ин дуруст барояд.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.