31.9 C
Dushanbe

Вокуниш: Қатъи хадамоти консулии сафорати Русия дар Кобул

Сафорати Русия дар Кобул дар вокуниш ба таркиши дирӯза гуфтааст, ки то иттилои баъдӣ ва ба таври муваққат хадамоти консулгарии худро қатъ мекунад.

Шоми дирӯз, 5-уми сентябри соли 2022 сафорати Русия дар Кобул дар сафҳаи Твиттри худ иттилоъ дод, ки пас аз таркиш ва марги ду дипломати рус хадамоти консулгарии худро ба таври муваққат қатъ кардааст.

Аз сӯи дигар Толибон ҳам эълон кардааст, ки теъдоди кушташудагони таркиши субҳи дирӯз дар дами даромадгоҳи вурудии сафорати Русия дар Кобул ба 6 нафар расидааст.

Пеш аз ин ДИИШ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифта, гуфта буд, ки яке аз аъзои ин гурӯҳ “бо мақсади нобуд сохтани душман” дипломатҳои рус ва шуморе аз “ҷосус”-ҳои онро ҳадаф қарор додааст.

Гуфта мешавад, аз замони дубора сари қудрат омадани Толибон дар 15-уми августи соли 2021 нахустин шуда, сафорати Русия дар Кобул ҳамчун яке аз мақараҳои дипломатӣ дар Афғонистон мавриди ҳамлаи маргталабона қарор гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.