26.9 C
Dushanbe

Вокунишҳо ба шиканҷаи навраси ноболиғе дар Душанбе

Сабти навори шиканҷаи навраси ноболиғе дар шаҳри Душанбе мавҷи вокунишҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст, вале мақомот то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, 2-уми декбари соли 2023 дар ноҳияи Синои пойтахт, марди миёнасоле навраси ноболиғеро дар болои боми яке биноҳои баландошёна тавассути “электрошокер” мавриди шиканҷа ва озору азият қарор додааст.

Дар ин навор, ки ба сурати густурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, дида мешавад, ки навраси ноболиғе мавриди шиканҷа қарор гирифта, гиряву зорӣ ва тавалло дорад, ки ӯро мавриди шиканҷа қарор надиҳанд, вале ба ин нигоҳ накарда, вайро азият мекунанд.

Расонаҳо аз ин марде, ки ноболиғро шиканҷа мекунад, “Фирдавс ном” мебаранд, ки лақаби вай “Давсик” будааст. Инчунин гуфта мешавад, ки он писари ноболиғ хонандаи синфи 9 буда, ӯро “ба яке аз қабатҳои болоии як бинои сохтмонаш ҳанӯз ниматамом, маъруф ба “биноҳои зард”, дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) бурда, дар тӯли тақрибан 2 соат бо электрошокер ва мушту лагат ӯро азобу уқубат ва шиканҷа додааст.”

Ин ҳолати риққатборе, ки на ҳар кас тавони то охир дидани он наворро дорад, мавҷи вокунишҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда, корбарон аз мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои расмӣ талаб доранд, ки қазияро пайгирӣ ва омили ин ҷиноятро боздошт ва ӯро “ба ашадди муҷозот” гирифтор намоянд, то барои дигар ибрат шавад.

Гуфта мешавад, бо гузашти беш аз 48 соат аз нашри ин ведео ҳамоно мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои расмӣ дар ин бора ҳеч гуна иттилое нашр накардаанд. Инчунин бархе корбарон Фирдавс – марде, ки он нобилиғро шиканҷа мекунад, корманди яке аз мақомоти Тоҷикистон ном мебаранд.

Дар таҷрибаи беш аз даҳ соли ахир Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон ин амр маъмул аст, ки вақте яке аз кормандони ин ниҳодҳо даст ба ҷиноят, хушунат ва ё шиканҷаи сокинон задаву сабти навори онҳо расонаӣ шуда бошад, дар аксар маврид мақомот хомӯш ва қазияҳоро сари вақт шарҳ надодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.