Вокуниши вакили олмонӣ ба ихроҷи Эргашев

Сиёсатмадорони олмонӣ ихроҷи фаъоли сиёсӣ Дилмурод Эргашевро ба Тоҷикистон маҳкум карданд.

Вакили порлумон ё Бундестаги Олмон ва ваколатдор дар умури озодиҳои динӣ Франк Швабе дар вокуниш ба ин хабар гуфт, ки ин бори аввал нест, фаъолон аз Олмон ба кишварҳои дорои хатари таъқиб, аз қабили Тоҷикистон ва Озарбойҷон фиристода мешаванд. Дар чунин вазъиятҳо, ба гуфтаи ӯ, Олмон бояд механизмеро ҷорӣ кунад, ки ба Вазорати хориҷа имкон диҳад, то қарорҳои ихроҷро ҳангоми таҳдид ба ҳаёт ва ҳуқуқи инсон вето кунад.

Ба гуфтаи Швабе, ҳарчанд низоми паноҳандагии Олмон яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон аст, Идораи федеролии муҳоҷират ва паноҳандагон ё додгоҳ хатарҳои сиёсиро ба инобат нагирифта, дар гирифтани тасмимҳо ба хато роҳ медиҳанд. Ӯ ҳамчунин аз вазоратҳои умури дохила ва хориҷа хостааст, ки як механизми муштарак барои ҷилавгирӣ аз ин гуна мавридҳоро таҳия кунанд.

Илова бар ин, ихроҷи Дилмурод Эргашевро ҳизби “Сабзҳо” дар шӯрои маҳаллии Клеве маҳкум карда, аз мақомот даъват кардааст, ки барои пешгирӣ аз фиристодани фаъолон ба кишварҳое, ки онҳо бо хатарҳои ҷиддӣ, аз қабили ҳабс ва шиканҷа рӯбарӯ ҳастанд, ҳама кори имконпазирро анҷом диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон 28-уми октябри соли 2024 узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Дилшод Эргашевро, ки аз соли 2011 дар Олмон ба сар мебурд ва дар эътирозҳои осоишта алайҳи режими Эмомалӣ Раҳмон фаъолона ширкат кардааст, ба Додгоҳи маъмурии шаҳри Клеве даъват карда ва аз онҷо ба ҳабс гирифтанд.

Додгоҳ бо вуҷуди дар ҳоли баррасӣ будани дархости паноҳандагии Эргашев қарор бароварда буд, ки ӯ 5 ё 7-уми ноябри соли ҷорӣ аз Олмон ихроҷ шавад.

Эргашев дар остонаи ихроҷаш, 5-уми ноябри соли ҷорӣ, қасди худкушӣ карда, рагҳои дасту пойи худро бурида буд ва ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол доданд, вале баъдан бо вуҷуди вазъи бади саломатиаш ӯро ба боздоштгоҳ баргардонда ва сипас ба Тоҷикистон истирдодаш карданд.

Пас аз истирдод ин фаъолро кормандони Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт карда, дар шаҳри Душанбе барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Созмонҳои мухолифин ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Олмон хоста буданд, ки ин фаъоли сиёсиро ба Тоҷикистон истирдод накунад, чун дар ҳоли истирдод ӯ мисли Абдуллоҳи Шамсиддин ва Билол Қурбаналиев мавриди шиканҷа қарор гирифта, барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мегардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД фолбинҳо, фоҳишаҳо ва мизоҷони онҳоро низ ба қайд мегирад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки фолбинҳо, мизоҷон ва наздикони онҳоро ба махзани махсус ворид карда, зери назорати доимӣ қарор медиҳад.

Ду нафар дар Душанбе бо гумони истеҳсол ва паҳн кардани доруҳои қалбакӣ боздошт шуданд

Мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ду нафар бо гумони истеҳсол ва ба муомилот баровардани доруҳои қалбакӣ дар Душанбе хабар доданд.

Ҳафт кӯдаки бепарастори тоҷикро аз Русия ва Ватан баргардонданд

Ҳафт кӯдаки тоҷик, ки дар Русия бепарастор монда буданд, 18-уми октябри соли 2026 ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.

Роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор таъмир шуд, аммо аз ҳисоби кӣ?

Мақомоти Ҳисор аз анҷоми мумфаршкунии роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор хабар доданд. Дар таъмири ин роҳи ҷумҳуриявӣ соҳибкорон ва сокинон низ саҳм гузоштаанд, аммо чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ шуд, маълум нест.