25.9 C
Dushanbe

Вокуниши вакили рус ба вокуниши мақомдорони тоҷик

Александр Бородай, вакили парлумони Русия дар вокуниш ба намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки “масъалаи муҳоҷирон дар Русия кори дохилии кишвар аст ва метавонанд бо онҳо мувофиқи хости худ кор кунанд”.

Пештар аз ин Шоҳин Самадӣ, раиси департаменти иттилотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта буд, ки Душанбе дар робита ба боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия изҳори нигаронӣ кардааст.

Ба иддаои Бородай, Русия ҳақ дорад дар баробари ҷараёни бепоёни муҳоҷирон аз қаламрави кишвараш ва шеваи зиндагии худ муҳофизат кунад.

Ин ки кадом як дипломати тоҷик дар ин маврид изҳори назари манфӣ мекунад, росташро бигӯям, туф кардаем. Ин кори мост, на ӯ”- қайд кард вакали парлумон. 

Гуфта мешавад, тайи як моҳи ахир боздошту латтукӯб ва ба маконҳои номаълум бурдани муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия шиддат гирифтааст.

Ҳамарӯза навору сабтҳои садоии зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, ки дар онҳо бадрафтории кормандонии амниятии Русия нисбати тоҷикон инъикос ёфтааст. 

Дар пасманзари ин ҳаракатҳои ғайриқонунии мақомоти Русия мақомоти тоҷик, аз ҷумла вазирони дохила ва хориҷа, Омбудсмен ва Додситони кулли Тоҷикистон ба ҳамтоёни худ номаҳо ирсол намуда, хостори таҳқиқи қазия боздоштҳо шуданд, аммо то рафт ин бархӯрди хашини мақомоти Русия дар баробари муҳоҷирони тоҷик бештар шуд.

Инчунин вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзҳои 5-6 уми июн бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон буд ва Сироҷиддин Муҳриддин аз ҳамтояш хост, ки “ҳуқуқу озодиҳои заминавии шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Русия бояд риоя гарданд”. 

Аммо баъд аз ин дархост ба гуфтаи муҳоҷирон доманаи ин боздошту бозпурсиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Русия паҳнтар шуд. 

Бархе коршиносон ҳадс мезананд, ки ин ҳама фишор болои муҳоҷирон ба хотири маҷбур сохтани Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таркиш: Беш аз 300 кушта ва захмӣ дар Қарбоғи Кӯҳӣ

Бар асари як таркиш дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ зиёда аз 300 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон бо нашри "изҳороти матбуотӣ"-и муштарак аз баргузории ҷаласаи як ҳафтаинаи мақомоти ду кишвар хабар доданд.

Пулиси нозири роҳ ронандаро зад

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуда, ки дида мешавад,...

Тазоҳуроти мухолифон дар Олмон алайҳи сафари Раҳмон ба ин кишвар

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" эълон кардааст, ки рӯзи 28-уми сентябр дар шаҳри Берлини Олмон алайҳи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар гирдиҳамоии эътирозӣ барпо хоҳанд кард.