8.9 C
Dushanbe

Волидайни хонандагони як мактаби шаҳри Ваҳдат аз пулҷамъкунии директор ба дод омадаанд

Волидайни чанде аз хонандагони мактаби рақами 133 ба номи Абдухолиқов Аслиддини шаҳри Ваҳдат аз ҷамъоварии беҳудаи маблағ аз ҷониби директор Розиқова Дилафруз шикоят доранд.

Як сокини деҳаи Гулафшони ҷамоати Симиганҷ, ки мактаб дар ҳамин деҳа ҷойгир аст бо шарти ифшо нашудани номаш ба Azda.tv гуфт, ки дар ин мактаб тақрибан 1900 хонанда таҳсил мекунад ва дар баъзе оилаҳо 4–5 фарзанд дар ҳамин муассиса мехонанд.

Ҳамчуҳбати мо ки бо гиря сухан мекард, мегӯяд, ки шароити хуби зиндагӣ надоранд ва болои ин маъмурияти мактаб қариб барои ҳар масъала аз падару модарон маблағ талаб мекунад ва аз ин кор ба дод омадаанд.

Қариб ҳар моҳ баҳонаи нави ҷамъоварии маблағ пайдо мешавад. Гоҳ мегӯянд, ки дарро таъмир кардан лозим аст, гоҳ барои харидани бӯр ва гоҳ барои таъмири мактабу харидани ашёи дигар пул талаб мекунанд. Бори охир аз ҳар хонанда барои кандани ҳоҷатхона 50 сомонӣ ва барои таъмири роҳ 1000 сомонӣ ҷавъоварӣ кардаанд. Мо намедонем, ки маблағҳое, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва Ҳукумат ҷудо мешавад дар асл ба куҷо сарф мешаванд, ки директор аз мо маблағ талаб мекунад“, — мегӯяд ин сокини деҳаи Гулафшон.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати Azda tv, ҳамин мактабро сокинон аз пули худашон таъмир карда буданду дару тиреза часпонда буданд.

Як сокини дигари шаҳри Ваҳдат ба Azda.tv гуфт, ки дар баробари супоридани “пули моҳонаи мактаб” барои таҳсил директор Розиқова Дилафруз ба мактаб рӯймолча барои духтарон ва галстук барои писарон барои фурӯш меорад ва муаллимаҳоро маҷбур мекунад онҳоро ба хонандагон фурӯшанд. Дар сурати нафурӯхтан аз маоши омӯзгорон кам мекунад. Ба иддаои ӯ, раҳбари мактаб аз маблағҳои ҷамъкардааш аз хонандагон барои худ хонаи боҳашаммате сохтааст, ки бо маоши омӯзгорӣ наметавон соҳиби чунин хона шуд.

“Мо шунидаем, ки вазири маориф ва илми Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки волидайн барои таҳсил ё эҳтиёҷоти мактаб набояд маблағ пардохт кунанд. Пас чаро дар мактаби мо чунин талабот вуҷуд дорад ва ниҳодҳои марбута ба куҷо нигоҳ мекунанд” — мепурсанд волидайни яке аз хонандагони мактаби рақами 133.

То ҳол ба Azda.tv муяссар нашуд, ки назари директори мактаб Розиқова Дилафруз ва масъулини Вазорати маорифи кишварро дарёфт кунад. Дар сурати пайдо шудан назари онҳо низ дар ин маврид онро нашр хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Исроил коргари тоҷик пас аз паҳн шудани навораш боздошт шуд

Пулиси Исроил як тоҷики зодаи Узбекистонро, ки дар ин кишвар ҳамчун муҳоҷири корӣ фаъолият мекард, пас аз паҳн шудани як навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кардааст.

Баррасии дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон

Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар бораи таҳкими равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию технологӣ дар Душанӣе баргузор шуд.

Эрон ҳамлаи паҳподӣ ба Озарбойҷонро такзиб кард

Субҳи рӯзи панҷшанбе Озарбойҷон аз ҳамлаи паҳподии Эрон ба Нахҷавон — минтақаи анклав дар ин кишвар, ки бо Эрон ҳаммарз аст, хабар дод.

Ҳамкории Тоҷикистону Бритонё барои манобеи зарурӣ

Ҳукумати Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкории манобеи зарурӣ бо Бритонёро тасдиқ кардааст.