24.9 C
Dushanbe

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷаи Чин

Имрӯз, 1-уми августи соли 2022 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Чин Ван Иро мулоқот кард.

Акс аз сомонаи Президенти Тоҷикистон

Тавре расонаи ҳукуматии “Ховар” хабар дод, “дар мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карданд.”

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат Чинро дар ҳама ҷонибҳо шарики стратегӣ хонда ҳавасмандии худро дар робита ба ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳама самтҳо бо ин кишвари иброз доштааст.

“Тибқи омор, дар нимаи аввали соли равон гардиши мол миёни ду кишвар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан ҳаштоду ду дарсад афзоиш ёфта, беш аз нуздаҳ дарсад аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад”, таъкид мешавад дар хабар.

Дар гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷаи Чин масъалаҳои муборизаи муштараки ду шарики стратегӣ бар зидди терроризму экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, киберҷиноят ва дигар таҳдидҳои амниятӣ низ баррасӣ шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Русия муҳоҷирони Осиёи Марказиро бо ҳиндуҳо иваз мекунанд?

Пас аз ихроҷи садҳо ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ оё бозори кории Русия аз ҳисоби муҳоҷирони Ҳиндустон пур мешавад? 

Боздошти як марди тоҷик дар Абхозистон ба ҷурми ифротгарӣ

Як шаҳрванди Тоҷикистони муқими Абхозистон бо иттиҳоми нашри муҳтавои ифротгароӣ дар фазои маҷозӣ боздошт ва ба Русия бозгардонида шудааст.

Мехост 4,4 миллионро тариқи фурӯдгоҳ ба Душанбе барад

Мақомоти гумруки фурудгоҳи шаҳри Самараи Русия як муҳоҷирро бо иттиҳоми кӯшиши ғайриқонунии интиқоли маблағи калон ба хориҷ боздошт карданд.

Боздошти чанд ҷавоне, ки бо роҳи фиреб садҳо ҳазор сомониро соҳиб шуданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ду мард дар вилояти Суғд барои бо роҳи фиреб соҳиб шудани 600 ҳазор сомонӣ боздошт шуданд.