Як зани тоҷик дар Русия фарзандонашро аз 16-ум ошёна партофту худкушӣ кард

Дар шаҳри Сосновий Бори вилояти Ленинград як зани 23-сола зодаи Тоҷикистон ду духтари хурдсолашро аз балкони бинои баландошёна ба поён партофтааст.

Бино ба иттилои Раёсати минтақавии Кумитаи тафтишоти Русия, ин ҳодиса субҳи 2-уми феврал рух додааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, зан пас аз партофти кӯдакони солҳои таваллудашон 2024 ва 2025-ро аз балкони ошёнаи 16-ум худкушӣ кардааст.

Ҳарду кӯдак зинда монда, ба таври фаврӣ ба беморхона интиқол дода шуданд ва зери назорати табибон қарор доранд.

Пизишкон гуфтаанд, ки расонидани кумаки саривақтӣ ҷони кӯдаконро наҷот дод. Бино ба гузориши расонаҳо, духтари калонӣ ҷароҳатҳои сабук дар қисми ҷоғ бардошта, пӯсташ сурх шудааст ва кӯдаки хурдӣ бошад, бо шикасти дасту по бистарӣ шудааст.

Тафтишот муайян кардааст, ки чанде пеш аз фоҷиа зан дар ҳолати сангини равонӣ қарор доштааст. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ ҳафтаҳои охир аз изтироби зиёд ранҷ мебурд ва барои духтари калониаш нигарон будааст, зеро кӯдак дар якунимсолагӣ ҳанӯз сухан намегуфт. Пас аз тамошои наворҳои дар интернет, модар гумон кардааст, ки фарзандаш метавонад гирифтори аутизм бошад. Дар ҳамин замина нишонаҳои афсурдагӣ дар ӯ бештар шуда, аз фикрҳои васвасанок ва “шунидани овозҳо” шикоят мекардааст.

Гуфта мешавад, оила дар манзили шахсӣ дар ҳудуди вилояти Ленинград зиндагӣ мекардааст. Пас аз анҷоми расмиёти лозим, ҷасади зан барои дафн ба зодгоҳаш Тоҷикистон оварда мешавад.

Мақомот таҳқиқи парвандаро оғоз намудаанд. Ниҳоди тафтишотӣ бо моддаи қасди куштори ду ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, додситонии вилояти Ленинград низ санҷиши алоҳида гузаронида истодааст ва мақомот сабаб ва шароити рух додани ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.

Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳоми "тундгароӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки ба ҷанги зидди Украина хотима бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.