Занозании гурӯҳии тоҷикону узбекҳо дар Русия

Дар як ҳафтаи охир дар шаҳри Санкт-Петербург ва атрофи он ду занозании гурӯҳӣ бо иштироки зодагони Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия рух додааст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, 26-уми августи соли ҷорӣ, дар деҳаи Янино-1 наздикии Санкт-Петербург миёни зодагони Тоҷикистон ва Узбекистон занозании гурӯҳӣ бо истифода аз мушту лагад ва чӯб сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, сабаби асосии низоъро баҳсҳои ҳаррӯза дар майдони сохтмонӣ гуфта, 3 муҳоҷири тоҷики аз 22 то 26-соларо саркардагони ин занозанӣ номидаанд.

Нисбати онҳо тибқи моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия “Авбошӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Боқимонда 23 иштирокчии дигар, аз ҷумла 9 шаҳрванди Тоҷикистон ва 14 шаҳрвандии Узбекистонро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд. Илова бар ин, маълум шуд, ки яке аз шаҳрвандони Узбекистон ғайриқонунӣ дар Русия қарор дошта, ӯро дар боздоштгоҳ барои ихроҷ аз Русия ҷой кардаанд.

Номи иштирокчиёни занозанӣ ва назари онҳо дар ин бора дастраси расонаҳо нест.

Дар ҳамин ҳол раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин ба роҳбарияти идораи минтақавӣ дастур додааст, ки аз раванди тафтишот ҳисобот диҳанд.

Пештар аз ин, шаби 21-уми августи соли ҷорӣ, пулис аз як занозании бузурге дар даромадгоҳи яке аз хонаҳои шаҳри Санкт-Петербург хабар дода буд.

Гуфта мешавад, аввал миёни чор нафар муноқиша сар мезанад, вале ҳамсояҳое, ки мехостанд онҳоро ҷудо кунанд, худашон ба муноқиша кашида шуданд.

Нерӯҳои амниятӣ ба ҷои ҳодиса рафта, 35 иштирокчии занозаниро боздошт кардаанд ва то ҳол ному насиби 29 нафарро муайян карданд. Дар миёни боздоштшудаҳо ду шаҳрванди Русия, ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон ва 19 шаҳрванди Узбекистон буданд. Ягона зани боздоштшуда як сокини 43-сола буд, ки зодрӯзашро таҷлил мекардааст ва бузургтарин боздоштшуда 48-сола ва ҷавонтаринаш 24-сола буданд.

То ҳол мақомот ҷузъиёти дигари ин ҳодиса, аз ҷумла маълумот дар бораи осебдидагон, номи иштирокчиён ва боз шудан ё нашудани парвандаро нашр накардааст.

Ин ду занозании гурӯҳӣ бо иштироки муҳоҷирон дар ҳоле сурат мегирад, ки дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, мақомоти ин кишвар ҳамроҳи гурӯҳҳои миллатгаро бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо “рейд” гузаронида, нисбат ба муҳоҷирон бадрафторӣ ва латтукӯб мекунанд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, мақомоти амниятии ин кишвар асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказиро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор мекунанд. Инчунин дар ин муддат дар Русия чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити вазнини муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳодисаҳои ахири занозанӣ миёни муҳоҷирон метавонад вазъи онҳоро аз будааш бадтар кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон мизбони Конфронси оби СММ мешавад, вале сокинон аз беобӣ ранҷ мекашанд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2-уми сентябр бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро расман тасдиқ мекунад.

Ҷангҳо бар зидди Украина ва Эрон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон гаронтар карданд

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз як сӯ ва танишҳои Амрикову Эрон аз сӯи дигар ба бозори дохилии сӯзишвории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расондааст.

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.