23.9 C
Dushanbe

Завқибек Саидаминӣ дар зиндон бемор шудааст

Рӯзноманигори зиндонии тоҷик Завқибек Саидаминӣ, ки моҳи ноябр ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, дар зиндон бемор шудааст. Дар ин бора пайвандони ӯ хабар доданд.

Акс аз саҳифаи фейсбуки Завқибек Саидаминӣ

Аз ҷумла, бародари ин рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Сино Саидаминӣ дар саҳифаи фейсбукияш навишта, ки “Бародари ятимпарварам бемор аст“.

Сино Саидаминӣ меафзояд: “Бародарам Завқибек Саидаминӣ соли 2008-ум дар Руссия аз боми як хонаи ду ошёна афтида буду сутунмуҳрааш лат хурда буд.”

Ба қавли ӯ, “он замон духтурҳо тавсияаш дода буданд, ки то 2 – соат дар як ҳолат наистад. Яъне набояд то 2 – соат якҷо биншинад ё рост истад! Бояд ҳолатҳояшро иваз кунад! Вале чун ҳамагон медонанд, ки дар СИЗО дар як шабонарӯз ҳамагӣ барои чанд дақиқа инсонҳоро ба берун мебароранду халос. Дар як ҳолат тамоми рӯзу шаб, ки наздики 6 – МОҲ МЕШАВАД БАРОДАРАМ ҚАРОР ДОРАД, БА САЛОМАТИЯШ ЗАРАР КАРДААСТ.”

Ба таъкиди Сино Саидаминӣ, бародари зиндониаш аз дарди сутунмуҳра ва асаб ранҷ мекашад, камар ва пойҳояш ҳам сахт дард мекунанд ва тамоми шабу рӯз қариб бехобӣ мекашад.

Дар ҳамин ҳол бародари ин рӯзноманигори зиндонӣ хабар додааст, ки Завқибек Саидаминиро аз Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ба зиндони воқеъ дар маҳаллаи  маъруф ба “Якум Советский” –и шаҳри Душанбе интиқол додаанд.

Дар охир Сино Саидаминӣ навиштааст, ки “Дар ҳақи бародари ЯТИМПАРВАРАМ бо дуо бошед, ки Аллоҳ шифои комилу оҷилаш бидиҳад ва ҳарчи зудтар озодаш кунад. Омин”.

Хабари бемории Завқибек Саидаминӣ дар зиндон дар ҳолест, ки субҳи 17-уми декбари соли 2022  вазъи саломатии Ҷалолиддини Маҳмуд, узви зиндонии Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва даҳҳо зиндонии дигар бар асари хуруҷи бемории шадиди эпидемӣ якбора дар зиндон бад шуда буд. Масъулини зиндон хунукназарӣ карда дар расонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ ба онҳо таъхир карданд. Вақте саломатии Ҷалолиддини Маҳмуд аз ҳад зиёд вазнин ва ба кумо дучор шуд, ӯро ба бемористон интиқол доданд.

Хунукназарии масъулини зиндонҳо бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Дар гузашта ин амали масъулини зиндонҳо боиси марги маҳбусон гашта буд.

Гуфта мешавад, зиндонҳои Тоҷикистон бо духтурони мутахасис ва доруворӣ таъмин нестанд, аз ҳамин хотир хонаводаҳои зиндониҳо маҷбур мешаванд ба наздиконашон дору ва ҳатто аз берун духтур баранд.

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар як суҳбаташ бо Радиои Озодӣ камбуди баъзе намуди доруҳоро дар зиндонҳо тасдиқ карда гуфта буд, ки “на ҳама доруҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ҳаст, аз ин хотир хешу табори маҳбусони бемор барои онҳо доруҳое, ки инҷо нест, мефиристанд”

Ҳатто Гузоришгари вежаи СММ Мэри Лоулор баъд аз мулоқот бо Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфта буд, ки ин ду рӯзноманигор ба пизишк ва муоинаи тиббӣ ниёз доранд.

Ёдовар мешавем, ки Завқибек Саидаминӣ 8-уми июли соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат боздошт шуд. Баъдан Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ӯро ба ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва “Гурӯҳи 24” гунаҳкор кард. Худаш дар мурофиаҳо гуфта буд, ки ба ҳеч созмону гурӯҳе вобаста нест ва аз Додгоҳи Душанбе хоста буд, ҳукмро бекор кунад. ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” иттиҳомот нисбати Саидаминиро сохта номида буданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар пайи як амалиёти махсус тобистони соли ҷорӣ чанд рӯзноманигор, аз ҷумла Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Муҳаммади Султон, Улфатхоним Мамадшоева ва чанд нафари дигарро боздошт карданд.

Боздошти ин рӯзноманигорони тоҷикро созмонҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи рӯзноманигорон маҳкум карда, борҳо озодии бечуну чарои онҳоро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, вале мақомоти тоҷик мисли ҳамеша ин дархостҳоро нодида гирифтанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.