Зиёда аз 325 ҳазор сомонӣ мукофоти ВКД

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои дарёфти иттилоот дар бораи “одамрабоён”-е, ки муовини аввали Ҳасан Асадуллозодаро аз шаҳри Душанбе дастгир карда, рабуданд, ҷоиза эълон кардааст.

26-уми июни соли 2023, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия эълон кардааст, ки 23-юми июн тахминан соати 20:10-дақиқа дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович, муовини аввали раиси ҶСК «Ориёнбонк» аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 4 нафар рабуда шуд.

Ба қавли манбаъ, ин чор нафар “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ дастгир карда шуда, ба дохили воситаи нақлиёти тамғаи «Хюндай-Соната», рақами қайди давлатиаш 01-97 М 01, қаблан 129 ХА 01, рангаш сиёҳ, пурра сиёҳшиша маҷбуран савор карда, аз ҷойи ҳодиса бо хатсайри хиёбони Рӯдакӣ – Майдони сарҳадчиён – маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло ҳаракат намуда, ба назди бозори Кӯшониён ба ҳудуди маҳаллаҳои Лучоб, Чағатай гузашта, ғайб задааст.”

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, нисбат ба ин ҳодисаи одамрабоӣ, ки дар натиҷаи он муовини аввали Ҳасан Асадуллозода, додаруси Эмомалӣ Раҳмон нопадид шудааст, парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад ва “касоне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд ё хабар медиҳанд дар ҳаҷмӣ баробар ба 30 ҳазор доллари ИМА (муодили 326 ҳазору 590 сомонӣ) мукофотонида мешаванд.”

Гуфта мешавад, Шуҳрат Исматуллоев зиёда аз 15 сол инҷониб ҳамчун ёвари додаруси Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Асадуллозода дар ҶСК “Ориёнбонк” кор мекард. Шуҳрат Исматуллоев дар байни хеле аз муштариёни ҶСК “Ориёнбонк” ба бонкдори асосие, ки онро идора мекунад, низ шуҳрат дошт.

Инчунин бархе коршиносон бар ин назаранд, ки вай дар аксар мавридҳо ҳангоми гузаронидани амалиётҳои бонкӣ ва гирифтани қарзҳои калонҳаҷм аз ин бонк метавонист таъсири худро гузорад. Ӯ бо чунин миёнаравиҳои худ ба гирифтани “пора” аз муштариён ва қисман ҳам додани пора ба дигар коргарони бонк ҳам муштариҳоро “розӣ” мекард ва ҳам бонкдоронро қаноат медод, ки хеле амалиётҳои бонкӣ ва қарзиро сари вақт анҷом диҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Интихоботи Исроил: коҳиши курсиҳои эътилофи Натанёҳу ва рекорди ҳизбҳои арабӣ

Рӯзи 27-уми октябр дар Исроил интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. То лаҳзаи нашри хабар, ки беш аз 85% овозҳо шумурда шудаанд, эътилофи Натанёҳу бо 53 курсӣ пешсаф аст.

Умар Кремлёв ва писари Трамп: аз туҳфаи арӯсӣ то шикори муштарак

Писари президенти ИМА Доналд Трамп, моҳи августи соли 2026 зимни сафар ба Муғулистон ду рӯзро бо Умар Кремлёв, раиси IBA ва соҳибкори тоҷиктабори наздик ба Кремл, сипарӣ кардааст.

Русия ва Украина барои расонидани кумак ба Олешки оташбаст эълон карданд

Дар шаҳри Олешкии ҷануби Украина рӯзи 27-уми октябр оташбаси маҳдуди башардӯстона ба иҷро даромад.

Тоҷикистон санҷиши соҳибкоронро муваққатан қатъ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28-уми октябр фармоне имзо кард, ки тибқи он то 1-уми январи соли 2029 ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна мораторий эълон мешавад.