13.9 C
Dushanbe

Дар мубориза бо коронавирус Тоҷикистон 2 миллиард доллар зарар дидааст?!

Коронавируси нав ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2 миллиард доллар зарар расонидааст. Ин омори ҳаҷми зарарро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 75-умини СММ, ки ба тариқи маҷозӣ сурат гирифт, эълон кард. Раҳмон имкони аз ин рақам ҳам бештар шудани ҳаҷми зарарро то анҷоми соли ҷорӣ истисно накард.

Дар ҳоле, ки аз вуҷуди ин беморӣ дар кишвар танҳо 30 апрел хабар дод. Аз ин бармеояд, ки иқтисоди Тоҷикистон на дар сол, балки дар 8 моҳ 2 миллиард доллар зиён дидааст. Ва агар амсоли кишварҳои дигар чораҳои ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавируси нав аз авоили соли равон татбиқ мешуд, ба эҳтимоли қавӣ эълони ҳаҷми зарар як миллиард доллари дигар бештар садо медод.

Ин рақам ва ин омор бар пояи кадом муҳосибот ва бароварде муайян шудааст, номаълум мебошад вале ҷойи шак ва шубҳа ин ҷо аст, ки дар давраи коронавирус кадом корхонаи гиганти мо аз кор уфтод ва ё кадом тиҷорати миллиардие буд, ки бар асари масдуд шудани марзҳо дучори шикаст шуд?

Магар манзур бузургтарин корхонаи саноатӣ- корхонаи алюминий то омадани коронавирус ба Тоҷикистон ҳам кайҳост, ки ҳатто даҳяки замони шӯравӣ истеҳсол намекунад, миллионҳо зарар дидааст? Кадом корхона ва истеҳсолоти Тоҷикистон бар асари коронавирус зарар дидааст?

Ҳисобу китоби зарар аз коронавирус бар асосӣ чӣ аст? Ҷаҳонгардӣ? Пахта? Савдо? Воситаҳои нақлиёт? Хулоса кадоме аз ин арсаҳо ин ҳаҷми зарарро бор овардаанд? 2 милиард пул андаке нест барои кишварҳои фақиру камбизоате назири Тоҷикистон. Пас,ин рақам аз куҷо?

Бештари таҳлилгарон ва коршиносон дар масоили иқтисодӣ мегӯянд, ки зиёни расида ба Тоҷикистон шояд аз ин сифр ҳам бештар бошад. Аммо ин зиён зиёне нест, ки барои мисол марбут ба тавлидоту истеҳсолоти дохили Тоҷикистон бошад, яъне кадом корхонае бо садҳазор коргар ва бо маоши 5 то 10 000 сомонӣ бар асари коронавирус аз кор бозистод. Ва ё майдони  20.000 гектар пахта ба маҳзи ҳамин беморӣ маҳруми парвариши кишоварзон шуд.

На, ин тавр ҳам нест. Мошинҳои борбар ҳам тавонистанд, ки маҳсулоти кишоварзиро ба берун интиқол диҳанд. Хуб, пас ин рақам аз куҷо ва ин зарар бар асари чӣ аст? Муҳоҷират! Ин зарари коҳиши интиқоли пули муҳоҷирин аст. Ва хисороти боқӣ ҳам хисороте аст, ки ношӣ аз ҳамин маблағ аст ва марбути он. Гап дар инҷо аст, ки Раҳмон наметавонист иллат ва сабаби асосии зарарро бигӯяд.

Зеро як навъ расвоӣ мебуд, ки роҳбари давлат эътироф ва эълон намояд, ки кишвараш вобастаи пули он қисмат аз шаҳрвандонаш аст, ки на дар дохили кишвар кору заҳмат мекашад, балки дар берун аз кишвар муздурӣ карда пул мефиристад ва ин пулҳо амнияти сиёсиву иқтисодии давлатро замонат медиҳанд. Яъне давлате вобаста аз пули муҳоҷират, давлате вобаста аз давлати дигар.

Як коршиноси тоҷик, ки солҳо бо масоили муҳоҷират иртибот дорад гуфт, ки ҳар гоҳе ҳаҷми пули интиқолдодаи муҳоҷирон ба ватанро дар сол ҷамъбаст мекунанд, Шумо бидуни дудилагӣ онро ду баробари дигар биафзоед, онгоҳ маблағҳои интиқолдода ва умуман ҳамҷи маблағи дар берун аз Ватан коркардаи мардони тоҷик ба воқеият наздик мешавад.

Аз ин ҷиҳат гуфт ӯ 2,5 миллиарди соли 2019-ро Шумо 6 то 7 миллирад гӯед заррае ҳам хато намекунед. Зеро маблағи муҳоҷирон танҳо тавассути бонкҳо ба кишвар намедарояд ва роҳу васоили гуногун аст, ки муҳоҷирон пулҳои худро ба кишвар ворид мекунанд. Аммо ин пулҳо амалан иқтисоди кишварро дар тамоми арса, ҳам дар тиҷорат ва ҳам дар кишоварзӣ рӯ ба роҳ кардаанд ва ин пулҳоянд, ки табодули молу коло ва гумруку андоз кор мекунанд.

Аз ин ҷиҳат он 6 ва 7 миллиард агар як бори “оборот” гирад ҳам камтар аз 20 миллиард намешавад. Аз ин ҷост ки вақте мегӯяд, 2 миллиард доллар зарар кард, ин ҳанӯз бар пояи ҳисобҳои бонкӣ аст. Пас, савол пеш меояд, ки бо наздики 30 сол ҳукуматдорӣ, чи коре, чи барномае дуруст кардед, то ҳамчунин хафву рискҳои ногаҳонӣ ва нохоста авзоъи кишвар ва зиндагии хонаводаҳоро дучори мушкил накунад?

Сохтмони даҳҳо қароргоҳҳои ҲХДТ аз ҳисоби халқ, сохтмони майдони парчаму майдони герб ва баргузории ҷашнҳои пурдабдабае чун ҷашни Наврӯз, ки аз миллионҳо доллар бештар масраф мешавад барои чӣ ва ба хотири чӣ? Ин ҳама орову торо, ин ҳама ҷамилу шукӯҳ ва ин ҳама зарқу барқ барои чӣ ва бо чи ҳадаф? Чаро чени кӯрпа по дароз намекунед?

Миллион-миллион доллар барои гулу гулзори назди майдони фулонҷо ва ё овардани дарахту буттаҳои ороиши аз намедонам Ҳулланду Бразил ба хотири чӣ? Байрақи китоби гиннеси чӣ? Яъне ҷаҳону ҷаҳониёнро қоил бисозем, ки мо чи қадар зӯру тавоноем ва чи роҳбаре бузургу хирадманде дорем, ки кишврамонро бою пешрафта кардааст ва мардумонамон аз ин ҳама байрақу гербҳои гиннесӣ 100% розианд? Дақиқан, ин тавр нест.

Феълан, ки ноноварон-муҳоҷирон, қисмате дар Ватан ва қисмате дар Русия, маҳалли кору нону обашон бар асари коронавирус наметавонанд мисли солҳои пешина пул кор кунанд ва иқтисоди кишвар бичархад, Раҳмон бо инки мегӯяд миллиардҳо доллар зарар кашидааст, забонаш пеш намеравад бигӯяд, ки ин пули муҳоҷирин аст. Вале коронавирус яқин кард, ки иқтисоди кишвар дар рӯи шонаҳои муҳоҷирони корӣ истодааст.

Вай эътироф кардааст:

“Мувофиқи арзёбии пешакӣ, бинобар таъсири манфии омилҳои иқтисодии берунаи бавуҷудомада, соли равон зарари умумӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон метавонад зиёда аз 2 миллиард долларро ташкил дода, дар оянда ҳам афзоиш ёбад.”

Тавонистааст бигӯяд, ки “омилҳои иқтисодии берунаи бавуҷудомада”, аммо натавонистааст, ки аз муҳоҷират бигӯяд. Чун хоҳанд пурсид, ки дар ин 28 сол чи қадар аз ин раванд коҳиш додӣ? Ва чанд заводу фабрикае сохтӣ, ки мардум камтар ба муздурӣ биравад. Бидуни шак  ба ин саволҳо посухи мусбат надорад. Вале танҳо ин 2 миллиард маблағи зарари расонидаи Ковид-19 нест, ки Раҳмон бо зикри он заъф ва ноуҳдабароии мудирияти тӯлонии худро ба забон овардааст.

Дар ин нишаст вай гуфтааст, ки то 100 % аз воридоти маводи сӯзишворӣ, ҳамчунин, дигар намудҳои молу маҳсулот, аз ҷумла озуқаворӣ ва доруворӣ, дар ҳудуди мутобиқан 80 ва 90 % вобастагии ҷиддӣ дорад. Агар ҳудуди 90% ба озуқаворӣ вобастагӣ доред, пас ин ҳарфи воҳима, ки барномаи стратегии амнияти озуқаворӣ татбиқ шудро чӣ гуна шарҳу тавзеҳ медиҳед?

Воқеият ин аст, ки он се барнома – ҳадафҳои стратегӣ, ки мегӯянд ҳал шуд: раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти энергетикӣ ва амнияти ғизоӣ, кадомеаш ҳал шудааст? Ин аз ҳолату кайфияти ҳамсояҳо бастагӣ дорад, ки мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шудаем ё хайр.

Як Ислом Каримови дигар ояд, боз ҳам дар ҳамон бунбастем ва ё инки амнияти энергетикӣ ҳам ба обу ҳаво вобаста аст, чуноне имсол мушоҳида кардем, ки хавфи лимит ҳамоно боқӣ аст ва инак худи Раҳмон эълон намуд, ки 90% ғизои мо аз берун оварда мешавад.

Агар 90% ғизо аз берун оварда шавад бо кадом ҳисобу китоб амнияти ғизоии мо таъмин шудааст. Бале, ҳамин гуна ҳолатҳое пеш меояд, ки ногузир воқеиятҳо ифшо мешавад. Дар баҳори имсол нархи 1 кило картошка аз 9 то 10 сомонӣ баланд шуд. Агар амнияти ғизоӣ таъмин буд ҳамин тавр мешуд?

Аммо ҳоло Русия шарики ба истилоҳ роҳбурдии Тоҷикистон иртиботи ҳавоӣ бо Қазоқистон ва Қирғизистонро аз сар мегирад, вале дар ин васат Тоҷикистон маълум нест, ки чаро натавонистааст бо Русия парвозҳои одии худро роҳандозӣ кунад. Парвозҳое, ки иҷрои онҳо аз ин хисороти 2 миллиардии ношӣ аз коронавирус коҳиш медиҳад.

Сорбон Азимӣ

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.