42 зану 104 кӯдаки тоҷик аз Сурия ба Тоҷикистон оварда мешаванд

Имрӯз 25-уми июли соли 2022 бо миёнаравии сафири Тоҷикистон дар давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода аз урдугоҳҳои Сурия 42 зану 104 кӯдаки тоҷик ба дасти мақомоти тоҷик супурда шуд.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллии Сурия, бо талоши сафири Тоҷикистон дар давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои расмии марбутаи Сурия барои бозгардонии занону кӯдакони тоҷикистонӣ, ки дар урдугоҳҳои “Ал-Ҳавл” ва “Руҷ” нигаҳдорӣ мешаванд, санадҳои расмӣ ба имзо расид.

Зубайдзода баъд аз имзои санадҳои ҳамкорӣ барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон гуфт, “Сафорати Тоҷикистон дар давлати Кувайт барои баргардонидани занону кӯдакони шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан, ки ҳоло дар урдугоҳҳои “Ал-Ҳавл” ва “Руҷ” нигаҳдорӣ мешаванд, талоши худро идома хоҳад дод.”

Тибқи қарордодҳои ба имзорасида имрӯз, 25-уми июл 42 зан ва 104 кӯдак ба дасти мақомоти тоҷик супурда шуд, ки қарор аст рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон оварда шаванд.

Бино ба гузориши Созмони Миллали Муттаҳид танҳо дар урдугоҳи “Ал-Ҳавл” 56 ҳазор зану кӯдак аз 51 кишвари дунё нигаҳдорӣ мешаванд. СММ ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башарӣ аз кишварҳои дунё талаб кардаанд, ки шаҳрвандони худро, ки дар ҳолати бисёр бади инсонӣ дар ин урдугоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд, ба кишварҳои худ ва ба зиндагии оддӣ баргандонанд.

Пас аз шикасти ДИИШ дар Сурия ҳазорҳо зан аз кишварҳои гуногуни дунё, ки шавҳарҳояшонро дар ҷанг аз даст доданд, дар урдугуҳҳои Ал-Ҳавл ва Руҷ дар шимолу шарқи Сурия бо фарзандонашон дар шароити бисёр бад нигаҳдорӣ мешаванд.

Аз ин пештар низ ба мақомоти тоҷик муайяссар шуда буд чанде аз занону кӯдакони шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар ин урдугоҳҳо нигаҳдорӣ мешуданд, ба Ватан бозгардонанд. Аммо чанд занеро, ки аз кишварҳои ҷангзада бозгардонида буданд, барои солҳои гуногун зиндонӣ карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.