48 ҳазор сомонӣ ҷарима барои меҳмонии 6 нафар

Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд як шаҳрванди ин ноҳияро барои даъвати 6 нафар ба ҷашни таваллудаш 48 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Акс аз Интернет

Тавре дафтари матбуоти Додситони кулли Тоҷикистон хабар дод, соҳибкор Баҳронов Шоаббоз сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов барои вайрон кардани талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гунаҳкор дониста шуда, нисбати ӯ бо моддаи 481 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ боз карданд.

“Соҳибкори инфиродӣ Баҳронов Шоаббоз Умедович, 17.06.1970 соли таваллудаш, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд, санаи 17 июни 2022 сол соати 19:00 дақиқа зодрӯзи худро дар ошхонаи таомҳои миллӣ, воқеъ дар ноҳияи Ҷ.Расулов, ҷамоати деҳоти Деҳмой бо иштироки 6 нафар берун аз доираи оила баргузор намуда, талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро вайрон кардааст.”, мегӯяд Додситони кулли кишвар.

Додгоҳи ноҳияи Ҷ.Расулов, Баҳроновро барои даъвати дӯстонаш ба ҷашни зодрӯзӣ тибқи талаботи моддаи 481 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 48.000 сомонӣ (беш аз 4700 доллари амрикоӣ) ҷарима бастааст.

Чунин ҷаримаи зиёд бастани як шаҳрванд барои меҳмондории 6 нафар, ба гуфтаи огоҳони умур, дар ҳеч кишвари дунё вуҷуд надорад.

Дар ин хусус назари яке аз соҳибкорони тоҷикро пурсидем, ки бо шарти зикр нашудани номаш гуфт:

“Аз меҳмондорӣ ва айшу ишрати худи мансабдорон агар мисол оварда шавад, ҳолатҳои зиёде вуҷуд дорад, ки аз худи Президент шуруъ карда, то пасттарин мансабдорро бояд миллонҳо сомонӣ ҷарима баст. Вале дар Тоҷикистон қонун танҳо болои касоне татбиқ мешавад, ки ё пул надорад, ё восита ва ё мақомдорон аз ӯ қасос гирифтан мехоҳанд. Дар чунин ҳолатҳо, ҳатто худи мақомот мувофиқи қонун амал намекунанд, баракс, онро таъвилу тафсир карда, гуноҳи набударо бар сарат бор мекунанд.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.