Муҷозоти мулло Абдулҳаннон аз ҷониби ВКД

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, қаҳрамони навори баҳсбаренгез дар шабакаҳои иҷтимоӣ мулло Абдулҳаннонро пас аз боздошт муҷозот кардааст.

ВКД-и Тоҷикистон рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” боздошт ва муҷозот шудани сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ва имомхатиби масҷиди ин минтақа Абдулҳаннон Усмоновро тасдиқ намуда, мегӯяд, “нисбат ба Абдулҳаннон Усмонов барои маҳдуд кардани ҳуқуқи бародарзодааш Абубакр Усмонов ва зоҳир кардани беэҳтиромӣ нисбат ба ҷомиа аз ҷониби РВКД вилояти Хатлон чораҳои маъмурӣ андешида шуд”.

Вале дар ахбори ВКД дақиқ гуфта нашудааст, ки ин рӯҳонӣ ва имомхатиби масҷид Абдулҳаннонро мақомот чӣ навъи ҷазо барояш татбиқ кардаанд.  

Бино ба иттилои ВКД, мулло Абдулҳаннон вақте мешунавад, ки аз хонаи бародараш Абдулманнон Усмонов садои мусиқӣ ва базми тӯёна меояд, ба ғазаб омада ба хонаи бародараш меравад ва домод, писари бародараш Абубакр Усмоновро барои даъвати навозандагон ва ташкили рақсу бозӣ дар тӯйи домодиаш таҳқиру дашном мекунад. Инчунин ӯ бо лаҳни дурушту пурдашном меҳмонони тӯйро, ки 60 то 70 нафар буданд, аз хонаи тӯйдор пеш кардааст.

Пештар гуфта мешуд, ки домод писари Абдулҳаннон Усмонов аст.

Абдулҳаннон Усмонов дар баёноташ гуфтааст, ки аз пеш писари бародарашро огоҳ карда буд, ки тӯяшро бидуни мусиқию рақсу бозӣ, дар чорчӯби тӯйи исломӣ барпо кунад, вале домод ба ин таъкиди ӯ гӯш надодааст.

Дар наворе, ки ВКД нашр кардааст, мулло Абдулҳаннон Усмонов мегӯяд, ки аз ин амали бародарзодааш асабӣ шуда, худро идора карда натавонистааст ва базми тӯёнаро вайрон кардааст. Ӯ дар идома бахшиш пурсида гуфт, ки “як хато кардем. Умед аст, ки хатои мо ислоҳ мешавад”.

Навори дашноми рӯҳонӣ ба меҳмонони тӯй ва рондани мардум аз хона барои рақсу бозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор оварда, корбаронро ба ду гурӯҳ тарафадор ва зидди ин амал тақсим карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико киштиҳои Эронро ҳадаф гирифт, Теҳрон посух дод

Амрико рӯзи 8-уми сентябр панҷ киштии нафткаши Эронро дар обҳои Халиҷи Форс ва наздикии ҷазираи Харк нобуд карданд.

Корманди собиқи ОМОН: Ба Тоҷикистон барнамегардам, ба ваъдаи афв бовар надорам

Мақомоти Тоҷикистон ба воситаи фишор болои хонаводаи як фирорӣ ва собиқ корманди сохторҳои қудратӣ, мехоҳанд ӯро ба кишвар баргардонанд.

Оё муҳоҷирон дар Лаҳистон бояд ҳамеша бо худ шиноснома дошта бошанд?

Хориҷиён дар Лаҳистон вазифадор нестанд, ки ҳамеша шиносномаро бо худ гардонанд, аммо ҳангоми санҷиш Хадамоти марзбонӣ ҳақ дорад нусхаи аслии ин санадро талаб кунад.

Қарори нав: ВКД-и Русия даромади муҳоҷиронро месанҷад

Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия тартиби нави санҷиши даромади муҳоҷирони кориро таҳия кардааст.