Намоиши филми Эмомалӣ Раҳмон дар масҷидҳои ноҳияи Ванҷ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аз намоиши филми мустанади “Пешво аз қалби мардум” дар масҷидҳо, инчунин идораҳо ва муассисаҳои ноҳия хабар додаанд.

Дар саҳифаи расмии Фейсбуки мақомоти ноҳия наворе нашр шудааст, ки дар он гурӯҳе аз намозгузорон дар дохили як масҷид филми мазкурро тамошо мекунанд. Аз муҳтавои навор бармеояд, ки филм ба муаррифӣ ва ситоиши фаъолияти президенти худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.

Мақомоти ноҳия дар тавзеҳи навор навиштаанд, ки намоиши филми “Пешво аз қалби мардум” дар масҷидҳо, инчунин идораҳо ва муассисаҳои ноҳия баргузор мешавад. Дар навор номи масҷид, шумори масҷидҳое, ки ин филм дар онҳо намоиш дода мешавад ва санаи баргузории чорабинӣ зикр нашудааст.

Маълум нест, ки тамошои филм барои намозгузорон ҳатмӣ буд ё ихтиёрӣ. Ҳамчунин, то замони нашри ин хабар мақомоти ноҳияи Ванҷ шарҳ надодаанд, ки бо кадом асос намоиши филм дар масҷидҳо баргузор мешавад ва оё имомхатибони масҷидҳо дар қабули ин тасмим нақше доштаанд. Назари намозгузорон ва масъулони масҷиди дар навор дидашуда низ дастрас нест.

Ин дар ҳолест, мақомоти давлатӣ ва таблиғгарони ҳукумат чандин сол аст суханрониҳо, паёмҳо ва филмҳои марбут ба Эмомалӣ Раҳмонро бар иловаи нашри густарда дар телевизионҳои давлатӣ, дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва идораҳои давлатӣ ба намоиш мегузоранд ва мардумро маҷбур ба тамошо мекунанд. Аммо ин ҳолати кунунӣ, ки дар дохили масҷидҳо намозгузоронро маҷбур ба тамошои чунин филмҳо кунанд, навтара аст.

Мунтақидони Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, ки дар солҳои раҳбарии ӯ фишор ба қишри мазҳабии ҷомеа афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи онҳо, рӯҳониёни мустақил аз минбарҳои масҷидҳо канор гузошта шуда, идораи масҷидҳо бештар зери назорати давлат қарор гирифтааст.

Ба иддаои мунтақидон, масҷидҳо, ки бояд макони ибодат, амри маъруф ва баргузории маросимҳои динӣ бошанд, солҳои ахир бештар ба ҷойи таблиғи сиёсати ҳукумат ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия далелҳои ихроҷи муҳоҷиронро аз 22 ба 45 маврид афзоиш медиҳад

Аз 3-юми ноябр дар Русия қонуни наве мавриди иҷро қарор мегирад, ки шумори моддаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷиро пешбинӣ мекунанд, аз 22 ба 45 мерасонад.

ГӮШТИ ДАМИ ТӮП: ЗИНДОНИЁНИ ТОҶИКИ ЗИНДОНҲОИ РУСИЯ, КИ ПУШТУ ПАНОҲЕ НАДОРАНД

Фарзандони тоҷик дар ҷанги бегонаву бемаънии Русия бар зидди Украина ҳамчун гӯшти дами тӯп истифода мешаванд…

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.