8.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон Асадро аз Эрдуғон беҳтар медонад

Президенти Тоҷикистон бо ирсоли ду барқияи изҳори ҳамдардӣ ба ҳамтоёнаш дар Сурия ва Туркия ба онҳо тасаллият гуфтааст.

Акс аз манбаъҳои боз

Имрӯз, 6-уми феврали соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодани ду номаи алоҳида ба сарони Туркия ва Сурия ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Башшор Асад изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар номааш ба Башшор Асад, Президенти Сурия бо як самимияти хосса таъкид мекунад: “Хабари заминларзаи шадид дар кишвари дӯсти Сурия, ки боиси  фавтидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардида, хисороти ҳангуфтеро дар пай дошт, муҷиби андӯҳи беандозаи мо гардид.”

Аммо дар номаи дигар Президенти Тоҷикистон ба сурати расмӣ ба ҳамтори Туркиаш Раҷаб Тайиб Ардуғон мегӯяд: “Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон, ҳамчунин хисороти азими моддӣ бар асари заминларзаи шадид дар минтақаҳои ҷанубу шарқии Туркия боиси андўҳи амиқи мо гардид.

Эмомалӣ Раҳмон вақте мехоҳад ба Башшор Асад изҳори ҳамдардӣ кунад, бо як дилсӯзии вижа аз ибораи “дар ин лаҳзаҳои сангин” истифода мекунад, аммо вақте навбат ба Эрдуғон мерасад, мегӯяд, ” ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ” ва “ба аҳли пайвандону наздикони фавтидагон сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам.”

Гуфта мешавад, бар асари заминларзаи шадиде, ки имрӯз қисматҳои аз Туркияву Сурия, Ироқу Лубнон, Юнон ва ҳатто Мисрро такон дод, дасти кам дар Турия 912 нафар ва дар Сурия 592 каси дигар ҷони худро аз даст доданд ва наздик ба 10 ҳазори каси дигар осеб дидааст. Дар бораи хисороти моддии мардум то ҳол гузориши дақиқе ироа нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW: Нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Соли 2025 дар Тоҷикистон мавқеи ҳизби ҳоким мустаҳкам гардида, фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва мухолифин зиёд шудааст.

Боздошти як муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон бо талаби Тоҷикистон

Як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, аз ҷонби мақомоти Қазоқистон дастгир шудааст.

Дар ҳамлаҳои нави Исроил ба Ғаззаро даҳҳо нафар кушта шуд

Рӯзи чоршанбе, 4-уми апрел дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба хаймаҳои оворагон дар Ғазза беш аз 20 нафар кушта шуданд, ки дар байни онҳо кӯадкони ширхор ҳам буданд.

Боздошти як зани тоҷик дар Русия бо иттиҳоми узвият дар “Салафия”

Дар шаҳри Сухуми Абхазия як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз соли 2021 дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, боздошт шудааст.