Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон Асадро аз Эрдуғон беҳтар медонад

Президенти Тоҷикистон бо ирсоли ду барқияи изҳори ҳамдардӣ ба ҳамтоёнаш дар Сурия ва Туркия ба онҳо тасаллият гуфтааст.

Акс аз манбаъҳои боз

Имрӯз, 6-уми феврали соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодани ду номаи алоҳида ба сарони Туркия ва Сурия ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Башшор Асад изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар номааш ба Башшор Асад, Президенти Сурия бо як самимияти хосса таъкид мекунад: "Хабари заминларзаи шадид дар кишвари дӯсти Сурия, ки боиси  фавтидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардида, хисороти ҳангуфтеро дар пай дошт, муҷиби андӯҳи беандозаи мо гардид."

Аммо дар номаи дигар Президенти Тоҷикистон ба сурати расмӣ ба ҳамтори Туркиаш Раҷаб Тайиб Ардуғон мегӯяд: "Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон, ҳамчунин хисороти азими моддӣ бар асари заминларзаи шадид дар минтақаҳои ҷанубу шарқии Туркия боиси андўҳи амиқи мо гардид."

Эмомалӣ Раҳмон вақте мехоҳад ба Башшор Асад изҳори ҳамдардӣ кунад, бо як дилсӯзии вижа аз ибораи "дар ин лаҳзаҳои сангин" истифода мекунад, аммо вақте навбат ба Эрдуғон мерасад, мегӯяд, " ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ" ва "ба аҳли пайвандону наздикони фавтидагон сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам."

Гуфта мешавад, бар асари заминларзаи шадиде, ки имрӯз қисматҳои аз Туркияву Сурия, Ироқу Лубнон, Юнон ва ҳатто Мисрро такон дод, дасти кам дар Турия 912 нафар ва дар Сурия 592 каси дигар ҷони худро аз даст доданд ва наздик ба 10 ҳазори каси дигар осеб дидааст. Дар бораи хисороти моддии мардум то ҳол гузориши дақиқе ироа нашудааст.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари Тоҷикистон

Тоҷикистон

Фаврӣ: Абдуллоҳи Шамсиддин ба зиндон маҳкум шуд

РАМАЗОН

Ҷавони тоҷик ифтор дода, ду билети Умра гирифт

Тоҷикистон

Раиси вилояти Суғдро болои қолинҳои сурху сафед роҳ надодан

Афғонистон

Толибон: Қотили волии Балх тоҷикистонӣ буд