7.9 C
Dushanbe

Додгоҳи олӣ: шикояти Пирмуҳаммадзода тасдиқи худро наёфт

Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, шикояти рӯзноманигори зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар бораи шиканҷа шуданаш “тасдиқи худро наёфт”.

Додраси Додгоҳи олии кишвар Абдуқаҳҳор Тағозода 16-уми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки пас аз шикояти Пирмуҳаммадзода дар бораи шиканҷа шуданаш ҳангоми бозпурсӣ, барои таҳқиқи он Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор қабул кард, ки додситонӣ шикояти Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро санҷад. Аммо, ба гуфтаи Тағозода, “дар ҷараёни санҷиши додситонӣ шикояти Пирмуҳаммадзода дар бораи шиканҷа “тасдиқи худро наёфт.””

Ин дар ҳолест, ки моҳи октябри соли гузашта Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бо ирсоли номае аз зиндон шикоят карда буд, ки зери азобу шиканҷа ва фишори равонии мақомот иттиҳомоти онҳоро “эътироф” кардааст.

Пирмуҳаммадзода дар номаи худ, ки онро Радиои Озодӣ нашр кард, мегӯяд: “Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам.

Ба гуфтаи як коршиноси масоили ҳуқуқӣ, ки аз низоми додгоҳии кишвар огоҳ аст, “ҳеч вақт парвандае, ки супоришӣ бошаду бар илова иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мухолифон зада бошанд, мунсифона тафтишу баррасӣ намешавад ва дар ин парвандаҳо шиканҷа хеле зиёд ҷой дорад, бе шикоят ҳам инро мақомоти болоӣ худашон хуб медонанд.”

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаи 44-сола сокини шаҳри Ваҳдат буда, мақомоти Тоҷикистон ӯро 8-уми июли соли 2022 дар ин шаҳр боздошт карданд. Мақомот ӯро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мухолифин айбдор карда, 26-уми декабри соли гузашта ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Мақомоти кишвар пеш аз ӯ чанд рӯзноманигори дигарро, ки дар наворҳои худ аз мушкилоти ҷомеа мегуфтанд, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ Улфатхоним Мамадшоева ва дигаронро боздошт ва баъдтар ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.