14.9 C
Dushanbe

Номаи журналист Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз зиндон

Журналист Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бо ирсоли номае аз зиндон гуфтааст, ки зери азобу шиканҷа ва фишори равонии мақомот иттиҳомоти онҳоро “эътироф” кардааст.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода. Акс аз сомонаи Азия Плюс

Имрӯз, 21-уми октябри соли 2022, Радиои Озодӣ номаи журналист Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро, ки аз зиндон ба унвони ин расона фиристодааст, нашр кард.

Ба қавли манбаъ, ин журналисти зиндонӣ ба хотири “ифшои саҳнасозиҳои ҳукумат” маҷбур шудааст, ки дар бораи аҳвол ва авзоъи худ дар зиндон хабар диҳад ва бигӯяд, ки зери чӣ шароите мақомот аз вай “эътирофот” гирифтаанд.

Журналист Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар ин номаи худ, ки дастӣ навишта шудааст, мегӯяд: “Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам.”

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар робита ба як навори мақомот, ки “эътирофот”-и ӯро сабт кардаанд, таъкид мекунад:

“Дар навор матни навиштаи кормандони УБОП-и ВКД ҶТ-ро дар бораи онки гӯё бо раҳбари мухолифон Муҳиддин Кабирӣ дар робитаи доимӣ будаму дар Тоҷикистон инқилобе омода мекарда бошем, зери фишори ҷисмонӣ хондам.”

Ҳамзамон Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар номаи худ таъкид карда, ки мақомот ӯро дар ҳамкорӣ ва робита доштан бо раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо мақсади пиёда кардани тарҳи инқилоб дар Тоҷикистон муттаҳам кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз 21-уми октябри соли 2022, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон дар вокуниш ба ин иттҳомоти тарҳи инқилоб ҳамроҳ бо журналист Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба Azda tv гуфт, “аз ин огоҳ ҳастам, бо камоли таассуф инро хондам, ин як туҳмати навбатии мақомоти Тоҷикистон аст.”  

Гуфта мешавад, журналист Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, сокини 44-солаи шаҳри Ваҳдат буда, мақомоти Тоҷикистон 8-уми июли соли ҷорӣ ӯро дар ин шаҳр боздошт карданд. Пеш аз нашри ин нома низ хабарҳое нашр шуда буд, ки вай зери азобу шиканҷа иттиҳомоти мақомотро “эътироф” кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.