19.9 C
Dushanbe

Афзоиши “шикори” тоҷикбачаҳо дар Русия

Мақомоти Русия дар аксари минтақаҳои ин кишвар “шикори” муҳоҷирон ва бахусус тоҷикҳо, узбекҳо ва дигар ҷавонони аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омадаро пурзӯр кардаанд.

Бархе муҳоҷирони тоҷик бо ирсоли наворе аз Хабаровски Русия мегӯянд, дар ҳафтаҳои ахир мақомоти ин кишвар “шикори” ҷавонписарони тоҷикро барои ҷалб кардан ба сафи қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар дар минтақа афзоиш додаанд.

Ба қавли муаллифони ин навор, дар чанд соли ахир муҳоҷирати хонаводагии тоҷикистониҳо ба ин минтақа хеле зиёд шудааст ва аксар ҷавонони тоҷик, ки тибқи барнома шаҳрвандии Русияро дарёфта карда, ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон ба ин минтақа муҳоҷир шудаанд.

Ба таъкиди онҳо, хеле аз ҷавонписарони тоҷик, ки то ҳол хидмати ҳарбӣ накардаанд, аз тарси он ки дар ин шароит онҳоро ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия ва ҷанг дар Украина ҷалб накунанд, номи худро дар комиссариатҳои ҳарбӣ сабт намекунанд. Мақомоти Русия ҳам мисли мақомоти Тоҷикистон онҳоро аз кӯчаву бозорҳо “облава” карда мебаранд.

Гуфта мешавад, аз замоне ки дар 24-уми феврали соли 2022 Русия алайҳи Украина ҳамлаҳои низомии худро оғоз кард, садҳо ҳазор ҷавонони рус аз тарси он ки онҳоро дастгир карда маҷбурӣ ба ҷанг набаранд, ба дигар кишварҳо фирор карданд.

Дар ин шароити ҷангӣ мақомоти Русия ба ҷои ҷавонони рус, ки гурехта ба хориҷ рафтанд, “шикори” ҷавонони муҳоҷирро оғоз карда, бо найрангҳои мухталиф ин ҷавононро ба ҷанг фиристодаанд ва то кунун садҳҳо нафари онҳо кушта ва захмӣ ва беному нишон шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Талабот ба қувваи кории хориҷӣ дар пасманзари норасоии кадрҳо дар Русия

Давоми чор соли охир талаботи корфармоёни Русия барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба кор ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Буҷети Вазорати маориф афзоиш ёфт. Вале дар мактабҳо пули таъмирро аз хонандагон мегиранд

Буҷети давлатӣ барои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 14 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 24% бештар аст.

Исроил муҷозоти эъдомро барои фаластиниён қабул кард

Парлумони Исроил рӯзи душанбе, 30-юми апрели соли ҷорӣ қонуни муҷозоти эъдомро барои асирони фаластинӣ тасвиб кард.

Муҳоҷиронро дар Русия бо кадрҳои дохилӣ иваз кардан мехоҳанд

Дар Русия ҳиссаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар соҳаи сохтмон кор мекунанд, тақрибан 13–15 дарсадро ташкил медиҳад ва ин соҳа бо норасоии кадрҳо рӯ ба рӯст.