Музокироти нави гурӯҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистон

Гурӯҳҳои топографии байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон моҳи марти соли ҷорӣ марҳилаи навбатии музокиротро дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи муштарак баргузор мекунанд.

Хабаргузории ТАСС рӯзи сешанбе бо истинод ба дафтари матбуоти Девони вазирони Қирғизистон хабар дод, ки музокироти гавбатии ҳайатҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 10-уми марти соли ҷорӣ дар Душанбе оғоз шуда, то 16-уми ин моҳ идома меёбад.

“Ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Қирғизистон аз 10 то 16 марти соли 2023 дар Душанбе бо ҳамкасбони Тоҷикистон мулоқот баргузор намуда, дар он масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи қитъаи умумии сарҳади давлатиро баррасӣ хоҳанд кард”, – мегӯяд масъули Девони вазирони Қирӯизистон.

То ҳол дар ин бора расонаҳои расмии Тоҷикистон маълумоте нашр накардаанд.

Бори охир мулоқоти гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирӯизистон дар Душанбе 13-уми январи соли ҷорӣ баргузор шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон ба ҷуз гуфтани ин ки “протоколҳои дахлдор ба имзо расид”, аз додани ҷузъиёти тавофуқоти ин вохӯриҳо худдорӣ мекунанд.

Марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистону ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад. Тақрибан аз се ду ҳиссаи ин марзи муштарак муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Аммо нуқтаҳои баҳсбарангезе, ки солҳои ахир сари онҳо даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифт, то ҳол номуайян боқӣ мондааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қатъи фаъолияти бузургтарин корхонаи коркарди нафти Русия пас аз ҳамлаи Украина

Омск - бузургтарин корхонаи коркарди нафти Русия пас аз ҳамлаи паҳподии Украина дар рӯзи 6-уми июл фаъолияти худро муваққатан қатъ кардааст.

Мақомот: Суръати интернет дар Тоҷикистон панҷ баробар афзоиш ёфт. Рост ё дурӯғ?

Мақомоти тоҷик мегӯянд, суръати миёнаи интернети мобилӣ дар кишвар нисбат ба аввали соли 2025 ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Нигаронии Дидбони Ҳуқуқи Башар аз мақомоти Олмон барои ихроҷи Асадулло Бобоев

Созмони байналмилалии Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) мақомоти Олмонро барои ихроҷи мухолифи тоҷик Асадулло Бобоев ба Тоҷикистон интиқод карда.

Оғози даргириҳои низомӣ байни ИМА ва Эрон: Оё оташбас барҳам хӯрд?

Пас аз оташбас бори дигар танишҳои низомӣ миёни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳида авҷ гирифт.