27.9 C
Dushanbe

Музокироти нави гурӯҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистон

Гурӯҳҳои топографии байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон моҳи марти соли ҷорӣ марҳилаи навбатии музокиротро дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи муштарак баргузор мекунанд.

Хабаргузории ТАСС рӯзи сешанбе бо истинод ба дафтари матбуоти Девони вазирони Қирғизистон хабар дод, ки музокироти гавбатии ҳайатҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 10-уми марти соли ҷорӣ дар Душанбе оғоз шуда, то 16-уми ин моҳ идома меёбад.

“Ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Қирғизистон аз 10 то 16 марти соли 2023 дар Душанбе бо ҳамкасбони Тоҷикистон мулоқот баргузор намуда, дар он масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи қитъаи умумии сарҳади давлатиро баррасӣ хоҳанд кард”, – мегӯяд масъули Девони вазирони Қирӯизистон.

То ҳол дар ин бора расонаҳои расмии Тоҷикистон маълумоте нашр накардаанд.

Бори охир мулоқоти гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирӯизистон дар Душанбе 13-уми январи соли ҷорӣ баргузор шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон ба ҷуз гуфтани ин ки “протоколҳои дахлдор ба имзо расид”, аз додани ҷузъиёти тавофуқоти ин вохӯриҳо худдорӣ мекунанд.

Марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистону ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад. Тақрибан аз се ду ҳиссаи ин марзи муштарак муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Аммо нуқтаҳои баҳсбарангезе, ки солҳои ахир сари онҳо даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифт, то ҳол номуайян боқӣ мондааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.