29.9 C
Dushanbe

Оштии Теҳрону Риёз дар Душанбе

Пас аз барқарор шудани робитаҳои Теҳрону Риёз инак сафири Арабистони Сауди дар Тоҷикистон меҳмони сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон шудааст.

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар саҳфаи твиттриаш хабар додааст, ки сафири Арабистони Саудӣ яке аз меҳмонони вежаи ин сафорат дар айёми наврӯзӣ будааст.

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон иттилоъ дода, ки “мизбони сафири муҳтарами Арабистони Саудӣ дар маросими ҷашни Наврӯз 1402 (2023) дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон будем.”

Ба гуфтаи Собирӣ, “равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ ба унвони ду кишвари таъсиргузор ва муҳимми ҷаҳони ислом дар минтақаи Ғарби Осиё метавонад заминасози иҷоди раванди ҷадид ва нақши афзоянда дар хидмат ба манофеи кишварҳо ва миллатҳои минтақа бошад.”

Дар ин аксҳо дида мешавад, ки сафири Ҷуҳумҳурии исломӣ, ҳамчун мизбон бо чеҳрае пур аз фараҳ ва хандон сафири Саудиро хеле самимона истиқбол, пазироӣ ва ба оғӯш мегирад.

Гуфта мешавад, вақте 7 сол пеш муносибатҳои Эрон бо Тоҷикистон сард ва бо Арабистони Саудӣ қатъ гаридида буд, собиқ сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон гуфта буд, ки мо тавонистем Эронро аз Тоҷикистон, як кишвари форсизабон берун ронем. Аммо акнун бо миёнҷигарии Чин ду ҳафта пеш муносибатҳои ду кишвар аз нав барқарор гардид ва сафоратҳои ду кишвар ҳам оштӣ карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.