Мақомот аз имомони масҷидҳо сарбоз талаб доранд

Дар вилояти Хатлон мақомоти комиссариятҳои ҳарбӣ ҳамроҳ бо маъмурони амниятӣ ва интизомӣ дари ҳар масҷид рафта, имомонро маҷбур доранд, ки ҳар кадом аз 1 то 3 сарбоз оварда ба мақомот таслим кунад, дар акси ҳол масҷидро мебандад.

Як манбаъ аз шаҳри Кӯлоб (бо сабабҳои амниятӣ ном ва номи деҳааш зикр намешавад) рӯзи 18-уми апрел дар суҳбат бо Azda tv гуфт, ки мақомоти комиссарияти ҳарбии ноҳия ҳамроҳ бо чанд масъули дигар ҳамаи имомҳои масҷидҳои ин шаҳр ва дигар навоҳии атрофро муваззаф кардаанд, ки барояшон сарбоз бидиҳанд. Ва онҳо ҳамеша таҳдид мекунанд, ки дар сурати наовардани сарбоз дари масҷидро бар рӯи намозгузорон мебанднд.

“Ман худам чанд сол имоми масҷиди маҳаллаамон будам, аз сабаби фишор ва талаботи зиёди мақомот дигар натавонистам ба кори имоматии худ идома бидиҳам. Ҳамеша аз мо талаб мекунанд, ки ё саррбоз оварда таслим кунем, ё барои чорабиние аз мардум пул ҷамъ кунем. Мақомот ба ҷои он ки моро роҳнамоӣ кунад то бо мардум наздик шавем, бо фармону фишорҳояшон коре кардаанд, ки ҳама аз имом гурезон шудааст.”, – мегӯяд манбаи мо.

Ӯ ҳамчунин дар идома афзуд: “Моро дигар дар деҳа на ҳамчун имоми масҷид, ки бештар ба мушкилоти мардум расида мекардем, мешиносанд, балки ба як маъмури амниятӣ ва таблиғгари ҳукумат мубаддал шудаем. Дар оянда ин кор зарараш бештар хоҳад шуд, мардум дигар ба мо эътимод намекунад.”

Ба иттилои манбаъ, мақомот на танҳо масҷидҳоро маҷбур доранд, ки сарбоз ҷамъ кунанд, балки дар ин шабу рӯзҳо барои ҷамъоварии фитри рӯзаву садақоти мардум, ба хусус болои имомон фишори зиёде меоранд. “То он ҷо ки ба имоми маҳалла мегӯянд, агар фалон миқдор маблағ ҷамъоварӣ нашавад, аз ҳисоби худат пардохт мекунӣ.”

Манбаи мо мегӯяд, мақомоти маҳаллӣ ҳатто дар чорабиниҳои ҳукуматӣ ҳам болои масҷидҳои маҳаллаҳо барои ҷамъоварии маблағ аз мардум шартҳое мегузоранд, ки дар сурати иҷро нашудан таҳдиди қатъи барқу об ва ҳатто бастани масҷидро низ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар мавсими гузаштаи даъвати сарбозон ба артиш низ маъмурони комиссариятҳои ҳарбӣ дар аксари навоҳии кишвар барқи мардумро қатъ карда, аз ҳар масҷид сарбоз талаб карда буданд.

Мақомот мисли ҳамеша “сарбозшикор” ва ё ин шеваи нави пулҷамъкуниро рад мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳодиса дар “Роғун”: шоҳидон аз захмӣ шудани коргарон мегӯянд, мақомот рад мекунанд

Мақомоти Тоҷикистон хабарҳо дар бораи захмӣ шудани коргарон дар нерӯгоҳи “Роғун”-ро рад карда, сабаби ҳодисаро канда шудани ҳавзи оби техникӣ номиданд.

Маҷбуран бурдани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Панҷакент

Дар ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд се ҷавонро маҷбуран ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд. Дар ин бора як манбаи маҳаллӣ ба Azda.tv хабар дод.

Дар шаш моҳ қариб ним миллион тоҷикистонӣ барои кор ба Русия рафтаанд 

Дар нимсолаи аввали соли 2026 тақрибан 494,5 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳадафи кор вориди Русия шудаанд.

Интихоботи Исроил: коҳиши курсиҳои эътилофи Натанёҳу ва рекорди ҳизбҳои арабӣ

Рӯзи 27-уми октябр дар Исроил интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. То лаҳзаи нашри хабар, ки беш аз 85% овозҳо шумурда шудаанд, эътилофи Натанёҳу бо 53 курсӣ пешсаф аст.