Мақомоти полиси Русия ҳамроҳ бо Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз маҳалли корҳояшон боздошт карда бо худ бурдаанд.
Бино ба иттилои манобеи AZDA tv, 22-уми июни соли ҷорӣ бархе кормандони мақомоти дохилӣ ҳамроҳ бо кормандони Хадамоти муҳоҷирати Русия беш аз 10 нафар аз муҳоҷирони кории тоҷикро аз маҳалли корашон воқеъ дар кӯчаи Сахарови ноҳияи Красногорск боздошт карда бо худ бурдаанд.
Ба гуфтаи ин муҳоҷирон, ки айни замон аз тарси боздошт нашудан ба дохили ҷангале панаҳ бурдаанд, бо вуҷуди дуруст будани ҳама ҳуҷҷатҳо, мақомоти полис ва Хадамоти муҳоҷират шиносҳо ва ҳамкорони онҳоро аз ду бинои сохтмони нотамом, ки дар онҷо кор мекарданд, боздошт карда бо худ бурданд. Аммо маълум нест, ки дар идораи полис бо онҳо чӣ гуна муносибат мекунанд.
Ин муҳоҷирон, ки теъдодашон беш аз 20 нафар аст, мегӯянд, кормандони корҳои дохилӣ ва Хадамоти муҳоҷирт дар вақти чунин “ҳамла”-ҳои худ ба макони будубош ва ҷои кори муҳориҷорон ҳамаро боздошт карда бо худ мебаранд. Онҳо ташхис ва тафтиш намекунанд, ки кӣ ҳуҷҷат дорад ва кӣ надорад, ба ҳамин хотир ин муҳоҷирони кории тоҷик низ вақте аз ҳамлаи мақомоти полис огоҳ шуданд, ҷои зист ва ҷои кори худро тарк карда, ба ҷангал панаҳ бурдаанд. Ҷое, ки на ноне барои хӯрдан доранд ва на обе барои ошомидан.
Дар ин чандаи ҳафтаи охир бори чандум аст, ки мақомоти полис муҳоҷирони кории тоҷикистониро дар ин минтақа ба сурати дастаҷамъӣ боздошт мекунанд. Танҳо дар як амалиёте, ки аввали моҳи ҷорӣ сурат гирифта буд, ҳудуди 50 нафар муҳоҷирони кории тоҷикистониро боздошт карда бо худ бурда буданд.
Гуфта мешавад, ҳамла ва фишорҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Хадамоти муҳоҷирати Русия алайҳи муҳоҷирони корӣ ва ба вежа алайҳи муҳоҷирони тоҷикистонӣ наздик ба як моҳ боз дар шаҳри Маскав, вилоятҳо ва ноҳияҳои атрофи он идома дорад.
Мақомоти полис дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдори Русия аз 19-то 25 июни соли ҷорӣ амалиёти “Нелегал-2023” низ оғоз кардааст, ки дар ин муддат бар иловаи ҷойҳои ҷамъиятӣ ва кӯчаву хиёбонҳо, ба ҷои кор ва манзилҳои зисти муҳоҷирон низ рафта асноди онҳоро тафтиш мекунанд.