Тоҷикистон бори аввал дар қонун уҳдадории давлатро барои мусоидат дар бозгардонии ҷасади шаҳрвандони дар хориҷ фавтида пешбинӣ кард.
Ин меъёр дар Қонуни нави “Дар бораи муҳоҷират” ворид шудааст, ки рӯзи 23-уми октябр дар рӯзномаи “Садои мардум” нашр шуд. Эмомалӣ Раҳмон қонунро рӯзи 21-уми октябр имзо карда, он қонуни соли 1999-ро иваз намуд.
Тибқи моддаи 35-и қонун, ин вазифа ба уҳдаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ, инчунин намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷ вогузор мешавад. Дар қонуни пешина чунин меъёр вуҷуд надошт.
Ҳар сол аз хориҷ ба Тоҷикистон ҷасади даҳҳо шаҳрванд бозгардонида мешавад. Аксари онҳо муҳоҷирони корӣ мебошанд, ки бештар дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Одатан интиқоли тобути онҳо ба Ватан аз ҷониби наздикони онҳо анҷом мегирифт.
Ба гуфтаи мақомот, танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2026 тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб аз Русия ҷасади 13 шаҳрванди Тоҷикистон ба Ватан оварда шудааст.
Қонуни нави “Дар бораи муҳоҷират” ҳамчунин синни ҳадди ақали муҳоҷирати кориро муайян кардааст. Аз ин пас шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо баъди расидан ба синни 18-солагӣ метавонанд барои кор ба хориҷ раванд.
