Тоҷикистон барои роҳ ва оби Кӯлоб 55,4 миллион евро қарзи нав мегирад

Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд барои таҷдиди роҳи Балҷувон–Сари Хосор ва беҳсозии обрасонии Кӯлоб то 55,4 миллион евро қарзи давлатӣ ҷудо мекунад.

Тибқи хабари бонк, то 49,2 миллион евро барои таҷдиди 56 километр роҳи Балҷувон–Сари Хосор пешбинӣ шудааст. Ин роҳ бояд рафтуомади тамоми солро барои 19 маҳалли аҳолинишин бо наздик ба шаш ҳазор сокин таъмин кунад. Ҳоло обхезиҳои мавсимӣ ҳаракатро дар зимистону баҳор мушкил месозанд.

Барои иҷрои тарҳи роҳ ва чораҳои бехатарӣ то 4,2 миллион евро грант низ пешбинӣ мешавад.

Қарзи дигари бонк — то 6,2 миллион евро — барои анҷоми тарҳи обу корези Кӯлоб равона хоҳад шуд. Таҷдиди шабакаҳо, пойгоҳҳои обкашӣ, иншооти поксозии обҳои партов ва насби ҳисобкунакҳо дар назар аст. Ба гуфтаи бонк, тарҳ бояд беш аз 100 ҳазор нафарро бо оби тозаи доимӣ таъмин кунад.

Ин тарҳ то 3,4 миллион евро гранти иловагӣ мегирад. Қаблан бонк ва Иттиҳоди Аврупо барои он 16,5 миллион евро қарзу грант ҷудо карда буданд.

Ҳамин тавр, 55,4 миллион евро уҳдадории қарзии давлат хоҳад буд; грантҳои иловагӣ дар маҷмуъ то 7,6 миллион евроро ташкил медиҳанд. Дар иттилоияи бонк меъёри дарсадӣ ва муҳлати бозпардохти қарзҳо зикр нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.