16.9 C
Dushanbe

РВКД зери фишори мардум дурӯғҳои худро ислоҳ кард

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо нашри як матлаб зери фишори мардум дурӯғи худро ислоҳ кард.

Бино ба иттилои расмӣ, “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оид ба садамаи нақлиётӣ, ки дар натиҷаи он 4-нафар ба ҳалокат расид, ба таври иловагӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки дар асл тибқи ҳуҷҷатҳои ба расмиятдаровардашуда, рақамҳои қайди давлатии автомашинаи тамғаи «БМВ», С0496 j07 мебошад.”

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар бораи ин садамаи маргбор шоми 21-уми июни соли ҷорӣ дар ВДНХ-и пойтахт рух дода буд, меафзояд: “Аммо ронандаи автомашинаи мазкур рақамҳои қайди давлатии бегона, яъне 111WА01, ки ба автомашинаи тамғаи «Тайота-Авалона» ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст, насб намудааст.”

Пеш аз ин Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дода буд: “Санаи 21-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 17:20 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, рақамҳои қайди транзитиаш С0496 j07, Ҳабибзода Орзӯ ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Н.Ганҷавӣ ба самти кӯчаи Сомон, дар назди тарабхонаи “Чаманоро” ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес”, рақамоҳои қайди давлатиаш 3177МВ01 бархӯрдааст.”

Аммо бархе корбарон бо нашри аксе аз ин BMW, ки сабабгори марги чор нафар шуда буд, Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо ба “дурӯғгӯӣ” муттаҳам карда, гуфтанд, ки рақамҳои давлатии автомашинаи тамғаи “BMW” “транзит набуд”, РВКД дар шаҳри Душанбе бояд “росташро нависед”.

Гуфта мешавад, Раёсати корҳои дохилӣ бар иловаи ислоҳи дурӯғи гуфтааш дар бораи рақамҳои давлатии автомбилӣ номи омили ин ҷиноятро ҳам дар аввал пурра фош накарда буд. Вале имрӯз мегӯяд, автомашинаи тамғаи “BMW” “Ҳабибзода Орзубек Мамашариф, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи А.Дониш, хонаи 15, бозраси давлатии автомобилии Шуъбаи назорати техникии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, рутбаи низомиаш “майори милитсия” мебошад.

Дар натиҷаи ин садамаи маргбор “ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Забиров Ю.Н., соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Душанбе ва мусофирони дохили автомашинаи ӯ Шарипов Нозим Мирзоевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, дар ҷои ҳодиса ва Неъматуллоев Маҳмадраҳим Исматуллоевич, соли таваллудаш 1989 ва писари ноболиғаш Неъматуллоев Маҳмуд Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 2020, сокинони ноҳияи Рўдакӣ, аз ҷароҳатҳои бардошташуда дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, майори милитсия Орзубек Ҳабибзода ва ҳамроҳаш Султонов Суҳроб Рустамович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе низ дар ин садама ҷароҳат бардоштаанд.

Инчунин таъкид шудааст, ки “аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе, нисбати Ҳабибзода Орзубек Мамашариф, бо моддаи 212 қисми 5 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Dushanbe Expo 2025: Душанбе мизбони намоишгоҳи байналмилалии саёҳӣ шуд

Имрӯз, 18 сентябри соли 2025, дар маҷмааи «Dushanbe Expo» Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 оғоз гардид.

Афзоиши рейди муҳоҷирон дар Русия

ОМОН-и Русия дар яке аз хобгоҳҳои наздикии метрои Строгинои Маскав беш аз 500 муҳоҷир, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро тафтиш кардаанд.

Ҷузъиёти куштори ваҳшиёнаи як хонавода дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ шаби 5 ба 6-уми сентябр як куштори ваҳшиёнае рух дод, ки Тоҷикистонро такон дод.

75 тонна кумаки башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 75 тонна кумаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар фиристод.