CPJ аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии рӯзноманигорони зиндониро талаб кард

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) бо нашри изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии фаврии рӯзноманигори зиндонии тоҷик Хуршед Фозилов ва дигар рӯзоманигоронро талаб кард. 

Ин изҳорот рӯзи 15-августи соли ҷорӣ дар пайи хабари бетағйир гузоштани 7-сол ҳукми зиндони ин рӯзноманигор аз ҷониби Додгоҳи вилояти Суғд нашр шудааст. 

Дар ин изҳорот Карлос Мартинес де ла Серна, мудири барномаҳои CPJ дар Ню-Йорк мегӯяд, рад шудани шикояти Фозилов нишон медиҳад, ки додгоҳҳои Тоҷикистон дар “ҷинояткор” нишон додани рӯзноманигорон саҳм доранд.

Карлос Мартинес де ла Серна аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки бадрафторӣ нисбат ба Хуршед Фозиловро барои ба даст овардани эътирофи ӯ ҳамаҷониба таҳқиқ кунанд ва тамоми намояндагони матбуотро, ки дар зиндонҳо қарор доранд, озод кунанд. 

Ёдовар мешавем, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакент хабарнигори мустақил Хуршед Фозиловро, ки бештар дар масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла бебарқиву камобии минтақаро менавишт, боздошт карданд. 

26-уми майи соли ҷорӣ ӯро дар мурофиаи додгоҳие дар Боздошгоҳи шаҳри Хуҷанд ба иттиҳои ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ба ҳафт соли зиндон маҳкум карданд. Худи ӯ ва пайвандону наздиконаш аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.  

Пайвандонаш гуфтанд, мақомот ӯро дар ҳамкорӣ бо сомонаи “Ахбор”, ки се сол боз фаъол нест, гунаҳкор донистаанд. Худаш гуфта, ки агар гуноҳро ба дӯш намегирифт, “нима одам” мешуд.

Фозилов 37 сол дошта, соҳиби 3 фарзанд мебошад ва аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузоришҳои иҷтимоӣ менавишт. Пештар ӯро барои ҳамкорӣ бо собиқ сомонаи хабарии “Ахбор.ком” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода буданд. 

Дар як соли охир мақомоти кишвар чанд тан аз рӯзноманигорону блогерони шинохтаро бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон карданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии онҳоро талаб кардаанд, аммо Тоҷикистон мисли ҳамеша тавсия ва талаби созмонҳоро нодида мегирад.

Саркӯби рӯзноманагирон, блогерон ва фаъолони маданӣ дар кишвар боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар Шохиси озодии матбуот поёнтар аз Афғонистон, ки онҷо зимоми қудратро Толибон дар даст доранд, қарор бигирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳмон барои иштирок дар ҳамоише ба Озарбойҷон рафт

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 14-уми октябри соли ҷорӣ ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон сафар кард.

Як ронандаи таксии шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон ба куштор гумонбар аст

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар садамаи маргбор дар гузаргоҳи пиёдагардон дар Варшава гумонбар дониста мешавад, пас аз марги ҷабрдида Лаҳистонро тарк кардааст.

Сафари аввалини Рубио ба Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон аз ин сафар чӣ интизор дорад?

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Марко Рубио нимаи дуюми моҳи октябр сафари хориҷии худро ба Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон анҷом медиҳад.

Михаил Галустян узр пурсид, аммо узрхоҳии ӯ саволҳои навро ба миён овардааст

Ҳаҷвнигори арманитабор Михаил Галустян пас аз мавҷи интиқодҳо дар пайи сафараш ба Душанбе ба хотири нақшҳои қаблияш аз мардуми Тоҷикистон бахшиш пурсид.