Парвандаи як мухолифи тоҷик дар Додгоҳи ноҳияи И.Сомонӣ баррасӣ мешавад

Мақомоти кишвар парвандаи мухолифи тоҷик Низомиддин Насриддинови 36-соларо барои муҳокима ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристодаанд. 

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, парвандаи Насриддинов бар асоси қисми 2-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ, яъне даъват ба сарнагунии ҳокимият тафтиш шуда, ба ӯ аз з 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. 

Пайвандони ин мухолифи тоҷик мегӯянд, ки парвандаи Низомиддин ҳамин ҳафта ба додгоҳ расида, муҳокима эҳтимол рӯзҳои наздик шуруъ шавад ва парвандаро додрас Мирзо Одиназода баррасӣ мекунад. 

Ёдовар мешавем, ки Низомиддин Насриддинов рӯзи 8-уми январи соли ҷорӣ ҳангоми гузаштан аз Литва ба Беларус аз ҷониби мақомоти интизомии ин кишвар дастгир шуда буд.

Баъд аз боздошти Низомиддин Насриддинов нуҳ созмони ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Беларус талаб карда буданд, ки ба ҳеч сурат Насриддиновро ба Тоҷикистон надиҳад. Аммо мақомоти Беларус талаби созмонҳоро ба инобат нагирифта, ӯро охирҳои моҳи июл ба Тоҷикистон истирдод карданд. 

Ба иттилои бархе манобеъ, Низомиддин Насриддинов пас аз истирдод ба Тоҷикистон дар бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мавриди шиканҷаи кормандони ин ниҳод қарор гирифтааст. 

Чанд рӯзи пеш модар, ҳамсар ва панҷ фарзанди ин фаъоли тоҷик дар назди дафтари Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Бони Олмон ҷамъ шуда, аз созмонҳои байналмилалӣ хоста буданд, ки ба қазияи Низомиддин Насриддинов расидагӣ кунанд. 

Дар ин эътироз онҳо аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хоста буданд, ки Низомиддинро аз боздошт раҳо ва ба назди онҳо баргардонад.

Инчунин созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи Норвежии Ҳелсинки, Дидбони Ҳуқуқи Башар, Freedom For Eurasia ва Freedom Now дар як баёнияе аз мақомоти Тоҷикистон талаб карда буданд, ки иттиҳоми зидди фаъоли сиёсӣ Низомиддин Насриддиновро бекор ва ӯро озод кунанд.

Гуфта мешавад, Низомиддин Насриддинов аз соли 2015 бо хонаводааш дар кишвари Олмон зиндагӣ мекард ва мақоми паноҳандагии ин кишварро низ дошт.

Ӯ дар гузашта дар нишастҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ширкат ва суханронӣ карда, худро узви ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” гуфта буд. Аммо соли 2018 аз узвияти ин ҳаракати сиёсӣ ихроҷ шуда, вақтҳои охир ба тиҷорати мошин машғул будааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия ва Украина барои расонидани кумак ба Олешки оташбаст эълон карданд

Дар шаҳри Олешкии ҷануби Украина рӯзи 27-уми октябр оташбаси маҳдуди башардӯстона ба иҷро даромад.

Тоҷикистон санҷиши соҳибкоронро муваққатан қатъ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28-уми октябр фармоне имзо кард, ки тибқи он то 1-уми январи соли 2029 ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна мораторий эълон мешавад.

Кишварҳои СПАД ба Тоҷикистон силоҳ мефиристанд

Кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) қасд доранд то поёни соли 2026 интиқоли силоҳу техникаи низомиро ба Тоҷикистон оғоз кунанд.

Нишасти Теҳрон: Эрон ва аъзои Паймони Макка ба идомаи музокирот мувофиқат карданд

Эрон, Арабистони Саудӣ, Покистон ва Туркия пас аз нишасти Теҳрон аз идомаи гуфтугӯҳо барои таҳкими сулҳу амнияти минтақа хабар доданд.