25.9 C
Dushanbe

Месси барои ҳаштумбор барандаи “Тӯби тиллоӣ” шуд

Дирӯз, 30-уми октябр дар шаҳри Парижи Фаронса маросими супурдани “Тӯби тиллоӣ” ба беҳтарин футболбози сол баргузор гардид.

Бори дигар барандаи ин ҷоизаи бонуфуз, ҳамлагари 36-солаи Аргентина аз дастаи “Интер Майами”-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Лионел Месси шуд. Ҳамин тариқ, бори ҳаштум аст, ки Месси  “Тӯби тиллоӣ”-ро ба даст меорад.

Гуфта мешавад, ин ҷоиза ба Месси бештар барои он ки бо ҳайати мунтахаби Аргентина Ҷоми ҷаҳонии футболро дар Қатар ба даст овард ва беҳтарин бозигари ин мусобиқот шинохта шуд, дода шудааст.

Узви дастаи мунтахаби Норвегия ва бошгоҳи “Манчестер Сити” Эрлинг Ҳоланд ҷойи дувум, Килиан Мбаппе (Фаронса, ПСЖ) ҷойи севвум ва Кевин де Брюйне (Белгия, “Манчестер Сити”) ҷойи чоруми бозигари беҳтарини ҷаҳони “France Football”-ро ба даст оварданд.

Бояд гуфт, Криштиану Роналду дар 20 соли ахир бори аввал аст, ки ба рӯйхати 30 футболбози беҳтарини ҷоми ҷаҳон дохил нашуд.

Ҳамчунин дар ин маросим беҳтарин бозигари ҷавон ва соҳиби ҷоизаи “Копа Трофи” нимҳимоятгари “Реал Мадрид” Ҷуд Беллингем дониста шуд. Аз ҳамлагарон бошад, ҳамлагари “Манчестер Сити” Эрлинг Ҳоланд беҳтарин ҳамлагари сол дониста шуд ва соҳиби ҷойизаи “Мюллер Трофи” гашт.

Дар байни занон бозингари беҳтарини сол ва барандаи “Тӯби тиллоӣ” Айтана Бонмати испанӣ, ки дар тими “Барселона” бозӣ мекунад ва дар тими Испания қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон гашта буд, дониста шуд. Ҷоизаи “Лев Яшин” ки барои беҳтарин дарвозабони сол дода мешавад, насиби Эмилиано Мартинес, дарвозабони Аргентина ва “Астон Вилла” гардид.

Инчунин беҳтарин бошгоҳи мардона “Манчестер Сити” ва беҳтарин бошгоҳи занона “Барселона” дониста шуданд. Ҳарду бошгоҳ Лигаи қаҳрамонҳои 2022/2023-ро ба даст овардаанд.

Ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” соли 1956 таъсис ёфта, онро ҳамасола маҷаллаи фаронсавии “France Football” месупорад. Соли 2020 бинобар пандемияи коронавирус ин маросим лағв шуда буд.

Ғолиби ин ҷоиза аз соли 1956 то 2006 тибқи раъйдиҳии хабарнигорон муайян карда мешуд, аз соли 2007 ҳаққи овоздиҳиро мураббиён ва капитанҳои мунтахабҳои миллӣ гирифтанд.

“Тӯби тиллоӣ” аз соли 2010 якҷоя бо Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) супурда мешуд, аз соли 2016 “France Football” ҷоизаро алоҳида месупорад, ҳамзамон FIFA ҷоизаи худро барои бозигари беҳтарини сол таъсис додааст.

Баъд аз Лионел Месси ин ҷоизаро бештар ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду соҳиб шудааст. Ӯ 5 маротиба соҳиби тӯби тиллоӣ гаштааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Манъи ҳиҷоб дар мактабу беморҳохонаҳо

Мақомоти тоҷик пас аз қабули тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” дар мактабу бемористонҳо "рейд" гузаронда, ҳиҷоби занҳоро зӯран мекашанд.

Сарвазирро кӣ ва чаро парронд?

Рӯзи чоршанбе, 4-уми май пас аз як нишасти давлатӣ, ба ҷони Сарвазири Словакия Роберт Фитсо сӯиқасд сурат гирифта, ӯ ба бемористон мунтақил шуд.

Тамдиди муҳлати ҳабси гумонбарони ҳамла ба Крокус

Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси чор зодаи Тоҷикистонро, ки дар дар ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл” гумонбар мебошанд, барои 3 моҳи дигар дароз кард.

“Идгардак”-у пешвози ҳоҷиён ва “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ шуд

Дар Тоҷикистон "идгардак"-и кӯдаконро дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбонро манъ карданд.