25.9 C
Dushanbe

Талаби Сенои Амрико аз Эмомалӣ Раҳмон: Даст аз саркӯби мухолифон бардоред!

Раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенои Амрико Бен Кардин бо ирсоли як нома аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ки даст аз саркӯби мухолифони сиёсӣ ва намояндагони ақаллиятҳои мазҳабӣ дар дохил ва беруни ҷумҳурӣ бардорад.

Дар номаи Кардин, ки рӯзи 27-уми ноябри соли ҷорӣ ба Қасри Миллат, қароргоҳи Раҳмонов фиристода шудааст, гуфта мешавад, ки агар Тоҷикистон мехоҳад аз ҳамкориҳои бештари байналмилалӣ ва тиҷорату сармоягузориҳои хориҷӣ баҳра гирад, ҳукуматаш бояд тибқи ваъдаҳои супурдаи худ, аз ҷумла бар асоси Эъломияи ҳуқуқи башари СММ ва Санади ниҳоии Ҳелсинки, инчунин дигар уҳдадориҳои дар доираи САҲА доштааш амал кунад.

“Махсус ба Шумо муроҷиат мекунам, ки ба саркӯби давомдори мухолифон, рӯзноманигорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, чи дар дохили Тоҷикистон ва чи дар беруни он, хотима диҳед. Дар бораи ҳабси худсарона, шиканҷа, ҳамла ва ҳатто куштори рӯзноманигорону мухолифони сиёсӣ, пешвоёни динӣ ва ҷомеаи маданӣ пайваста гузориш мерасад. Хусусан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъқиби намояндагони камшумори этникиву динӣ, созмонҳо ва роҳбарони маҳаллии онҳо идома дорад,” – гуфтааст Бен Кардин дар нома ба Раҳмонов.

Инчунин дар ин нома аз гузориши Департаменти давлатии Амрико дар бораи ҳуқуқи башар мисол оварда шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2022 бо таҳдид ва суистифода аз расмиёти додгоҳӣ шахсони берун аз ватан, рақибони сиёсӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башару рӯзноманигоронро ҳадаф қарор додааст.

Дар ҳамин ҳол, созмони Freedom House муайян кардааст, ки тақрибан сеяки ҳодисаҳои сабтшудаи саркӯбии мустақими фаромиллӣ дар саросари ҷаҳон ва ҳамчунин ҳодисаҳои бешумори таъқибу таҳдиди рақамӣ ба Тоҷикистон рост меояд.

Раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенои Амрико аз Раҳмонов хостааст, ки ба саркӯби эътирозгарони осоишта, пешвоёни ҷомеа, рӯзноманигорон ва фаъолон дар Тоҷикистон, инчунин ҳама шаклҳои таъқиби фаромиллӣ ва ба воситаи Интерпол маҷбуран ба ватан баргардондани дигарандешон хотима диҳад.

Дар охири Бен Кардин таъкид кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида мехоҳад ҳамкориҳои худро бо Тоҷикистон таҳким бахшад ва риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун дар дарозмуддат ба фоидаи Тоҷикистон хоҳад буд.

То ҳол маълум нест, ки Раҳмонов ба ин нома посух додааст ё на.

Режими Эмомалӣ Раҳмон бори аввал нест, ки ҷониби ниҳодҳои хориҷӣ дар мавриди риоя накардани ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ интиқод мешавад. Қабл аз интиқоди раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенои Амрико инчунин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва кишварҳои ғарбӣ аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки даст аз таъқиби дигарандешон бардоранд ва маҳбусони бегуноҳро аз зиндонҳо озод кунанд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон ин тавсияву талаби созмонҳоро ҳамеша нодида мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазорати маориф: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.