12.9 C
Dushanbe

Чиниҳо ба Тоҷикистон 5G меоранд. Суръати интернет боло меравад?

Мутахассисони Чин дар Тоҷикистон 7600 истгоҳи базавиро бо стандартҳои GSM/UMS/LTE/ 5G насб хоҳанд кард.

Бино ба иттиллои расонаҳо, 12-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мулоқоти раҳбарони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ҶДММ “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” баргузор гардида, зимни он Бек Сабур ва Ма Тиан “Меморандум” ба имзо расондаанд.

Дар иттилои Хадамоти алоқаи кишвар гуфта мешавад, ки ин ҳуҷҷат “ҳамкориҳои фаррохи дуҷонибаро дар заминаи технологияи рақамӣ, телекоммуникатсия, алоқа ва технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ фаро гирифта, ба рушди шабакаҳои ва системаи алоқаи барқӣ, махсусан шабакаҳои алоқаи мобилӣ ва шабакаҳои собити фарохмаҷро дар Тоҷикистон, мусоидат мекунад”.

Инчунин Хадамоти алоқаи кишвар мегӯяд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, операторон дар оянда ба таҷҳизоти навтарин дастрасии фаврӣ пайдо хоҳанд кард.  

Дар ин санад ҳамчунин ҳамкорӣ ва ҷалби ҳамкорӣ ва ҷалби мутахассисони Хадамоти алоқа, операторони мобилӣ ва мутахассисони ҶДММ “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” дар таҳияи лоиҳаи ягона оид ба навсозӣ, рушд ва таъмини 7600 истгоҳи базавӣ ва ҷузъҳои онҳо бо стандарт GSM/UMS/LTE/ 5G барои шабакаҳои алоқаи мобилии Ҷуҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 13-уми декабри соли ҷорӣ Бек Сабур бо Сергей Емелченков, директори генералии ҶДММ “Цифра” ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расондааст.

Ин санад робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо эътирофи аҳамияти ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти шабака, густариш ва таҳкими ҳамкорӣ дар рушди системаи тиҷорати электронӣ, тасдиқи аҳамияти ҷорӣ намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ дар Тоҷикистон, таҳкими хадамоти почта ва IP-телефония танзим мекунад.

Инчунин тибқи ин санад ҳамкории дуҷониба дар рушди дастрасии интернети фарохмаҷ, идоракунии интернет, шабакаҳои насли чорум (4G LTE/) ва панҷум (5G) ва пайвастшавӣ ба интернети байналмилалӣ дар назар гирифта шудааст

Гуфта мешавад, ин мулоқотҳои Бек Сабур бо раҳбарони дигар ширкатҳо барои амалӣ кардани нақшаи Хадамоти алоқаи кишвар дар барои “навсозӣ ва рушди шабакаҳои алоқаи мобилӣ дар давраи солҳои 2024-2028  мебошад”.

Пештар аз ин низ, раҳбари Хадамоти алоқа бо зердастонаш ва намояндагони ширкатҳои мобилии кишвар мулоқот карда, аз онҳо хоста буд, дар зудтарин фурсат мушкилоти суръати интернетро пайдо намуда, ба ӯ гузориш диҳанд ва онро бартараф кунанд.

Бег Сабур дар ҳоле зоҳиран даст ба кор шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли гузашта, зимни ироаи паёмаш ба парулмони кишвар аз суръати пасти интенрент дар Тоҷикистон ва нархи гарони он интиқод карда, ба қудояш Бек Сабур дастур дода буд, ки ин мушкилӣ бартараф карда шавад, вале то ҳанӯз ин масъала ҳалношуда боқӣ мемонад.

Бояд қайд кард, ки ҳамарӯза сокинони манотиқи гуногуни кишвар ва ҳатто Душанбе аз суръати пасти интернет ва нархи гарони он шикоят мекунанд.

Гуфта мешавад, Бег Сабури 61-сола қудои президент Эмомалӣ Раҳмон буда, 20 сол боз раҳбарии соҳаи алоқаи Тоҷикистонро дар даст дорад.

Коршиносони соҳа бар ин боваранд, ки маҳз баъд аз раиси Хадамоти алоқа шудани Бег Сабур, ин соҳа дар кишвар аз рушд бозмонд. Ва ин боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ дар робита ба сифати интернет ва нархи он дар байни кишварҳои дунё дар поёнтарин зинаҳо қарор бигирад.

Гуфта мешавад, Бег Сабур ба ғайр аз раҳбарияш дар яке аз ниҳодҳои ҳукуматӣ, боз ҳамроҳи оилааш чандин тиҷоратҳоро, ба мисли сохтани хонаҳо дар даст дорад ва ба гуфтаи бархе шоҳидон, замоне ҳам дар бинои Хадамоти алоқа ба фурӯши хонаҳо машғул буд, ки ин амалаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдеро барпо карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти чанд ҷавоне, ки бо роҳи фиреб садҳо ҳазор сомониро соҳиб шуданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ду мард дар вилояти Суғд барои бо роҳи фиреб соҳиб шудани 600 ҳазор сомонӣ боздошт шуданд.

Боз шикоят: Масъулони мактаби №54-и Душанбе волидонро ба дод оварданд

Баъзе аз волидони хонандагони мактаби №54-и ноҳияи синои шаҳри Душанбе аз ҷамъ кардани маблағи "моҳона" шикоят доранд.

Муҳоҷироне, ки бо шартнома дар артиш хидмат кардаанд, аз Русия ихроҷ намешаванад

Мақомоти Русия талош доранд бо қабули қонуну қарорҳои гуногун сафи артиши ин кишварро аз ҳисоби муҳоҷирони хориҷӣ бештар кунанд.

Мақомот тафтишу бозҷӯии муҳоҷиронро дар Русия афзоиш додаанд

Дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия кормандони пулис дар ҷойҳои истиқоматии муҳоҷирон ва майдонҳои сохтмонӣ рейд гузаронданд.