23.9 C
Dushanbe

Омори рӯзноманигорони кушташуда дар Ғазза ба 95 нафар расид

Дар пайи як ҳамлаи Исроил ба урдугоҳи паноҳандагони Нусайрот дар Ғазза, рӯзноманигор хонум Ҳунайн Қаштони 33-сола кушта шуд.

Бино ба иттилои расонаҳо, ҷангандаҳои исроилӣ шаби гузашта хонаи ин рӯзноманигорро бомборон карданд, худи ӯ ва чанд нафар аз хонаводаашон кушта шуданд. Дар пайи ин ҳамла чанд нафари дигар аз сокинони маҳаллӣ низ кушта ва захмӣ шудаанд.

Дафтари матбуотӣ дар Ғазза субҳи рӯзи 18-уми декабр омори наверо нашр кард, ки тибқи он аз 7-уми октябри соли ҷорӣ то имрӯз шумори рӯзноманигороне, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза кушта шудаанд, ба 95 нафар расидааст.

Қабл аз ин шоми рӯзи ҷумъа дар пайи як ҳамлаи ҷангандаҳои Исроил ба мактаби Фарҳона дар шаҳри Хонюнус, ҷануби Ғазза наворбардори шабакаи “Ал-Ҷазира” Сомир Абудаққа кушта шуд ва рӯзноманигор Воил Даҳдуҳ захмӣ гашт. Барои наҷоти рӯзноманигорон як худрав аз гуӯрӯҳҳои кумакрасон фиристода шуд, аммо нерӯҳои исроилӣ ба онҳо низ ҳамла карда, 3 нафар аз кормандони гурӯҳҳои наҷотро низ куштанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз аз оғози ҷанг байни ҲАМОС ва Исроил 73 рӯз мегузарад. Танҳо дар пайи ҳамлаҳои имрӯзаи Исроил 100 нафар аз аҳолии Ғазза кушта шудааст. Ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, то имрӯз наздики 19 ҳазор кушта шуда ва беш аз 51 ҳазор захмӣ баҷо гузоштааст.

Артиши Исроил расман аз кушта шудани 133 сарбозаш аз оғози ҳамлаҳаои заминӣ ба Ғазза хабар дода ва омори сарбозони захмиҳояшро 704 нафар эълон кардааст, ки ба иттилои расмӣ, ҳолати 160 нафарашон хатарнок арзёбӣ мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози “облава”-и ҷавонон дар Тоҷикистон

Дар рӯзи аввали оғози мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон нақша пурра иҷро шудааст.

Вазъи бади озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон ва дархости таҳрими мақомдорони тоҷик

Имсол ҳам Тоҷикистон аз санҷиши озодиҳои динӣ нагузашт ва дар радифи кишварҳои "мавриди нигаронии махсус" боқӣ монд.

Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон

Раҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон чанд санаду созишномаро ба имзор расонданд.

HRW: ИА бояд бо кишварҳои ОМ ҳуқуқи инсонро дар маркази муколама гузорад

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи ҳуқуқи башарро дар мадди аввал гузорад.