Даҳҳо муҳоҷири тоҷикро аз кор ронданд

Даҳҳо муҳоҷири тоҷикро аз корхонаи кимиёии “Химпэк”-и шаҳраки Шахтаи вилояти Ростови лаби Дон ронданд.

Ин муҳоҷирон рӯзи 15-уми январи соли ҷорӣ, барои боло бурдани музди корашон ва пардохт нашудани рухсатипулӣ, корпаротоӣ карда буданд.

Муҳоҷирон мегӯянд, ки масъулони корхона ба онҳо ваъда дода буданд, ки маошашонро 15 дар сад зиёд мекунанд, аммо ба ҷойи 80-75 ҳазор рубл 64 ҳазор ва ба баъзеҳо 49 ҳазор рубл додаанд.

Пас аз ин ҳудуди сад муҳоҷир бо нишони эътироз корпартоӣ карданд ва масъулони ин корхона асабонӣ шуда, аз муҳоҷирон талаб кардаанд, ки ҳуҷҷатҳоро гирифта корхонаро тарк кунанд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз муҳоҷирон рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки баъд аз корпартоӣ онҳоро даъват карда, маоши ниммоҳаро доданду ҳамзамон аз кор ронданд ва ҳатто ба онҳо иҷоза надодаанд, ки шабро дар хобгоҳи корхона рӯз кунанд.

То ҳол масъулони ин корхона дар бораи якбора аз кор рондани ҳудуди сад корманди тоҷикро шарҳ надодаанд. Ва ҳамчунин сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия низ то ҳол ба ин масъала вокуниш накардааст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, корфармоёни рус пайваста ҳуқуқи муҳоҷиронро поймол мекунанд, вале аксаран ба доди онҳо касе намерасад. Ба қавли бархе муҳоҷирон, аз ҳама бештар корфармоёни рус ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷикро поймол мекунанд, вале аксаран ба доди онҳо касе намерасад.

Чанд моҳи ахир дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ низ авҷ гирифтаасту аксар мақомдорони ин кишвар зидди муҳоҷирон дар минбарҳои гуногун суханронӣ мекунанд ва дар ин кишвар “рейд”-ҳои зиёде болои муҳоҷирон сурат гирифт.

Инчунин дар Русия нархи “патент” якбора боло рафт ва вакилони рус бо қабули қонунҳои гуногун талош доранд, кори муҳоҷиронро дар ин кишвар маҳдудтар кунанд.

Вакилони рус сабаби ин маҳдудиятҳоро ба афзоиши нигаронии шаҳрвандони Русия аз теъдоди муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар ва ҳамчунин мушкилоти мутобиқшавии онҳо ба ҷомеа рабт дода буданду гуфта буданд, ки мехоҳанд бештар ҷойи корӣ ба русҳо расад.

Аммо дар хабару гузоришҳои охир аз ин кишвар гуфта мешавад, ки дар баъзе шаҳрҳои Русия коргар намерасад чун аз сабаби ин маҳдудияту фишорҳои зиёд муҳоҷирон Русияро тарк доранд ва худи русҳо дар корҳое мисли кӯчарӯбӣ ва сохтмонҳо кор кардан намехоҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Тӯби тиллоӣ 2026” насиби кӣ гашт?

26-уми октябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Лондони Британияи Кабир маросими супурдани ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ 2026" ба беҳтарин футболбозони сол баргузор гардид.

Бори гарони муҳоҷирон сабук мешавад?

Тоҷикистон бори аввал дар қонун уҳдадории давлатро барои мусоидат дар бозгардонии ҷасади шаҳрвандони дар хориҷ фавтида пешбинӣ кард.

Миллатгароӣ дар Русия: Мавашии “қаҳрамон” ва муҳоҷири “ахлот”

Дирӯз, 25-уми октябр миллатгарои ифротии рус Миша Маваши мурд. Марги ӯ дубора баҳси миллатгароӣ дар Русияро зинда кард.

Миша Мавашии муҳоҷирбадбин даргузашт

25-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Воронеж рэпсаро ва миллатгарои рус Миша Маваши (Михаил Ниц), дар синни 41-солагӣ даргузашт.