Тоҷикистон дар миёни фасодзатарин кишварҳои дунё ҷой гирифт

Тоҷикистон пас аз Туркманистон фасодзадатарин кишвар дар Осиёи Марказӣ шинохта шуд.

Дар гузориши Созмони Шафофияти байналмилал (Transparency International) барои соли 2023 Тоҷикистон бо ба даст овардани ҳамагӣ 20 имтиёз дар байни 180 кишвари дунё нисбат ба соли 2022 4 зина пойин рафта, дар баробари Афғонистону Бурунди, Судону Мянмар ва чанд кишвари дигар мақоми 162-умро ишғол кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша иддао мекунад, ки бар зидди коррупсия ва решакан кардани он мубориза мебарад ва мақомдорони ба қабули Стратегияи нави муқовимат ба коррупсия дар соли 2021 ишора мекунанд. Аммо баръакс, дар муқоиса ба соли 2021 Тоҷикистон дар радабандии Transparency International 5 зина пойин рафтааст.

Ба гуфтаи коршиносон, ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон ришвахорӣ, сӯиистифода аз мақом ва хешутаборбозӣ реша паҳн кардааст.

Гуфта мешавад, бар асоси ҳамин гузориш, кишвари ҳамсоя Қирғизистон назар ба соли 2022 як зина пойин рафта дар мақоми 141 ва Туркманистон бо ба даст овардани ҳамагӣ 18 имтиёз дар мақоми 170 ҷой гирифтаанд. Аммо Узбекистон бо касби 33 имтиёз 2 зина боло рафта, мақоми 121-умро ишғол кардааст. Қазоқистон бошад, бо аз даст овардани 39 имтиёз 3 зина боло рафта, ҳамроҳ бо Ҳиндустон дар мақоми 93-ум қарор гирифтаанд.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки коррупсия ҳамчунон як мушкили ҷиддӣ дар ҷаҳон ва бахусус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ монда, ақибнишинии фарогир аз демократия, заифтар шудани низоми додгоҳӣ, назорат бар коррупсияро мушкил мекунад, чун идораҳои пулис, додситонӣ, додгоҳ, аксаран наметавонанд, парвандаи онҳоеро, ки аз қудрат суистифода мекунанд, таҳқиқ карда, ҷазо бидиҳанд.

Дар ин гузориш ҳамчун намуна аз низоми заифи додгоҳии Тоҷикистону Венесуэла мисол оварда шудааст.

Франсуа Валериан, раиси Созмони Transparency International, гуфтааст, ки “то замоне ки низомҳои додгоҳӣ гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашида, лаҷоми ҳукуматҳоро нагиранд, коррупсия ҳамчунон рушд хоҳад кард. Дар онҷо, ки додгоҳро мехаранд ва ё роҳбарияти сиёсӣ ба кори додгоҳ дахолат мекунад, одатан мардуми оддӣ азоб мекашанд”.

Дар охири ин гузориш, созмони мазкур аз давлатҳои ҷаҳон хостааст, ки мустақилият ва шафофияти додгоҳҳо ва захираҳои кофӣ барои муборизаи муассир бо ҷиноятҳои коррупсиониро таъмин кунанд ва дар сурати зарурат қонунҳоеро қабул кунанд, ки дасти додгоҳҳо ва дигар ниҳодҳои интизомиро барои мубориза бо коррупсия боз кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бори гарони муҳоҷирон сабук мешавад?

Тоҷикистон бори аввал дар қонун уҳдадории давлатро барои мусоидат дар бозгардонии ҷасади шаҳрвандони дар хориҷ фавтида пешбинӣ кард.

Миллатгароӣ дар Русия: Мавашии “қаҳрамон” ва муҳоҷири “ахлот”

Дирӯз, 25-уми октябр миллатгарои ифротии рус Миша Маваши мурд. Марги ӯ дубора баҳси миллатгароӣ дар Русияро зинда кард.

Миша Мавашии муҳоҷирбадбин даргузашт

25-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Воронеж рэпсаро ва миллатгарои рус Миша Маваши (Михаил Ниц), дар синни 41-солагӣ даргузашт.

Корхонаҳои белорусӣ муҳоҷирони тоҷикро ба маоши баланд ваъда карданд

Корхонаҳои вилояти Гроднои Беларус омодаанд муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро бо маоши моҳонаи аз 750 то 1200 доллар ва ҷойи зист ба кор қабул кунанд.