Мақомоти Тоҷикистон бар зидди рӯзноманигори шинохта Анора Саркорова бо иттиҳоми “даъвати оммавӣ барои иҷро намудани амалҳои экстремистӣ” (моддаи 307) парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.
Бино ба иттилои Анора Саркорова, имрӯз, 1-уми феврали соли 2024 модарашро бори дигар ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даъват карда ва дар бораи кушода шудани парванда бар зидди духтараш ба ӯ хабар додаанд.
Муфаттиши ин ниҳод Диловари Муҳаммадлатиф ба модари рӯзноманигор гуфтааст, духтарашу домодашро барои ба Тоҷикистон баргаштан, ихтиёран таслими мақомот шудан ва барои “ҷиноятҳои содиркардаашон” тавба кардан, розӣ кунонад. Дар ғайри ин сурат аз тариқи ИНТЕРПОЛ онҳоро боздошт мекунанд.
Инчунин кормандони пулис аз модари ин рӯзноманигор аксбардорӣ карда, ӯро маҷбур кардаанд, ки маълумоти фарзандони ноболиғи Анора Саркороваро ба онҳо диҳад.
Анора Саркорова дар вокуниш ба бозпурсии модараш мегӯяд, ки “Ман борҳо ба мақомот муроҷиат кардам, ки кайҳо ба синни балоғат расидаам ва барои кирдорам худам ҷавобгарам, на модару фарзандонам”.
Инчунин ин рӯзноманигори шинохта мегӯяд, ки дар Кодекси ҷиноятӣ ҷавобгарии дастаҷамъӣ ҳамчун ҷазо пешбинӣ нашудааст. Аммо мақомоти феълии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ меъёрҳои қонунро риоя накардаанд ва таҳдид бо ҳаёти наздикон усули дӯстдоштаи режим аст.
Анора Саркорова дар ин вокунишаш гуфта, ки амали ғайриқонунӣ накардааст, ки тавба кунад ва ба бахшиш аз ҷониби мақомот эҳтиёҷ надорад.
“Ман вазифаи касбии худро софдилона иҷро кардам ва дар оянда ҳам иҷро мекунам”-мегӯяд Анора Саркорова.
Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон инчунин бар зидди шавҳари Анора Саркорова рӯзноманигори шинохта Рустами Ҷонӣ низ тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ (307 ва 401) парванда кушодаанд.
