12.9 C
Dushanbe

Таҳдиди ҷонибдорони болшевикҳо ба ҷони донишмандони тоҷик

Ҷонибдорони тоҷикистонии болшевикҳои Русия дар иқдомоти ҷадиди худ алайҳи ду донишманди кишвар аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, ки онҳоро ба қатл маҳкум кунад.

Имрӯз, 8-уми марти соли 2024, Адаш Истад, донишманд ва адиби шинохтаи тоҷики муқими Самарқанди Узбекистон дар саҳфаи фейсбукии худ хабар дод, ки аз сӯи ҷонибдорони болшевикҳо мавриди таҳдид қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи ин донишманди кишвар: “Бозмондаҳои болшевикӣ он қадар зиёд, ки Президенти Тоҷикистонро болшевик ҳисобида парронда куштани Сайфулло Муллоҷон ва Адаш Истадро талаб карданд! Як бор чунин таҳдид аз ҷониби пантуркисти самарқандӣ шуда буд.”

Дар посух ба ин таҳдид, Салими Айюбзод, мудири кулли бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ҳам ин масъаларо ҷиддӣ қабул карда гуфтааст: “Инҳо аз ҳамон таборе ҳастанд, ки худ ишора кардед. Аммо одат накунед ва кам ҳам нагиред. Тавонистанд, Абдуқодири Рустам ва Абдухалил Холиқзодаро зиндонӣ кунанд. Онҳо метавонанд. Вақте дар баробари далелҳои қатъӣ лол мемонанд, ба душному таҳқир мегузаранд ва агар он ҳам қонеъашон накард, роҳи зиён расонданро меҷӯянд. Ин дар хунашон аст…”

Масъала ва ё баҳси “босмачиҳо” дар байни донишмандони тоҷикистонӣ як баҳси нав нест, балки ин баҳс каму беш сад сол ин ҷониб идома дорад. Ба гуфтаи бархе муаррихон, ин баҳс аз он ҷо оғоз мешавад, ки вақте болшевикҳои рус ба Осиёи Марказӣ ҳамла карда, ба водии Фарғона расиданд, артиши сурх дар ду шабонарӯз аз 5 то 8 ҳазор сокинони маҳаллиро қатли ом ва занонро таҷовуз карданд. Ин кори онҳо сабаб шуд, то иддае аз мардуми минтақа ва атрофи он ба хотири ҳифзи нангу номӯс ва занону духтарони худ алайҳи онҳо қиём карданд.

Дар байни касоне, ки алайҳи болешвизм қиём карданд, намояндаҳои қариб тамоми қавмҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, узбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳо ва ҳатто туркманҳо низ ҳузур доштанд. Аммо дар чанд соли ахир ба ҷуз Тоҷикистон, тамоми кишварҳои минтақа ва бахусус Қазоқистону Узбекистон ва Қирғизистону Туркманистон иддае аз онҳоро сафед карда, қаҳрамон ва ё нерӯҳои муқовимат дар замони худ эълон карданд.

Ин баҳсҳои ахир, ки ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле тезу тунд байни ҷонибдорони болшевикҳо ва мухолифони тоҷикистонии он идома дорад, аз як барномаи “Китобхон“, ки тавассути журналист Далер Шарифов роҳандозӣ шудааст, оғоз шуд. Дар он барнома, Далер Шарифов аз мусоҳиби худ таърихдони шинохтаи кишвар ва устоди донишгоҳ Сайфулло Муллоҷонов дар ин бора пурсид ва ӯ ҳам бидуни он ки мустақим посух диҳад, беш аз 10 далелро зикр кард ва гуфт, бинанда ва шунаванда худаш қазоват кунад, ки онҳо кистанд?

Дар байни онҳое, ки дар рафти ин баҳсҳо аз болшевизм ҳимоят мекунад, устоди Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия доктори иломҳои филолигӣ Холмаҳмад Холов аст, мегӯяд: “Аз Шумоен хохиш, ки таърихи солҳои 20-ро дуруст дида бароеду баъд гап занед, кӣ буд босмачи, инҳо ҳама лақаю барбосу туркҳо буданд, ки мардуми моро горат карданд, ҷанг бе қурбони намешавад, агар ҳукумати Шӯравӣ намебуд, вой бар ҳоли мо Точикон буд….”

Аммо дар ҷавоб ба вай корбаре бо номи Умед Усмон мегӯяд: Дар Ванҷ як гуруҳ қаҳрамонҳо (босмачиҳо ) бар зиди ғосибони унвақта меҷангиданд, бобоҳи мо шаб меҷангидану рӯз пинҳон мешуданд, мутассифона, ҷои пинҳон шудани онҳоро ба ғосибон боз худи мо хабар додем ва онҳо кушта шудан. Касоне ки онҳоро фурӯхтанд ба душман, то ҳол қаҳрамонанду онҳое, ки дар ҳақиқат қаҳрамон буданд барои озодии мардум меҷангидан, душан. Бадбахтӣ дар он аст ки миллати мо дӯстро аз душман ҷудо карда наметавонад.”

Гуфта мешавад, ҳар чанд бархе аз онҳое, ки чунин таҳдидҳоро дар нисбати муаррих ва устоди донишгоҳ Сайфулло Муллоҷонов ва донишманду адиби шинохта Адаш Истад раво дидаанд, гуфтанд, ки “дар омади гап” чунин изҳоротеро раво донистаанд, аммо Адаш Истад мегӯяд, дар ин масъала “наметавон хомӯширо ихтиёр карда ин вазъро ба ҳоли худ гузошт. Дар акси ҳол истиқлоли Тоҷикистон зери хатар хоҳад буд.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...