Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикаи минтақа мепайвандад

Тоҷикистон қасд дорад дар моҳи майи соли ҷорӣ ба низоми ягонаи энергетикаи минтақа бипайвандад. Дар ин бора расонаҳои узбекистонӣ хабар медиҳанд.

Вазири энергетикаи Узбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов зимни нишасти “Ҳафтаи энергетикӣ”, ки имрӯзҳо дар Тошкант ҷараён дорад, гуфт: “Дар ин моҳ мо нақша дорем, ки Тоҷикистонро ба шабакаи умумии худ – ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст кунем.“

Ба иттилои Мирзомаҳмудов, кишварҳои Осиёи Марказӣ пайвастани Тоҷикистонро ба ин низоми ягона мунтазир буданд ва онро хӯш пазируфтанд.

Бояд гуфт, ки “шабакаи ягонаи энергетикӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1960, вақте ки тамоми кишварҳои минтақа зери давлати Шӯравӣ буданд, ба вуҷуд омада буд. Ин низоми ягона имкон медод, ки тағйирёбии мавсимии талабот ба қувваи барқ ва талабот ба об дар давраи обёрӣ мувозинат карда шавад. Маркази аслии он дар Тошкант буд ва аз онҷо назорат карда мешуд. Дар соли 2009 бо сабабҳои гуногун, ин низоми ягонаи энергетикӣ аз кор боз монд, вале интиқоли барқ дар асоси шартномаҳои дуҷониба идома ёфт. Ва инак пас аз 10 сол кишрваҳои Осиёи Марказӣ тасмим гирифтанд, ки онро дубора эҷод кунанд.”

Қаблан Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон гуфта буд, ки ин кишвар моҳи апрели соли 2024 ба низоми ягонаи энержии Осиёи Марказӣ мепайвандад.

Гуфта мешавад, Узбакистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон қасд доранд, ки низоми энергетикии кишварҳояшонро муттаҳид созанд, то ба Аврупо нерӯи барқи “сабз” содир кунанд.

Манбаъ: Podrobno.uz

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.