6.9 C
Dushanbe

Зилзила дар байни мухолифон. Чаро Гадоев аз ПМТ рафт?

Шарофиддин Гадоев, раиси ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, ки дар эътилофи Паймоли миллии Тоҷикистон буд, аз Шӯрои ин эътилоф ихроҷ шуд.

Шарофиддин Гадоев мегӯяд, бо чанд сабаб ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон аъзогии худро дар Паймони Миллии Тоҷикистон муваққатан мутаваққиф мекунад, ки яке аз онҳо камкории раиси он Муҳиддин Кабирӣ ва тағйирот наовардан дар раҳбарияти он аст. Аммо тарафи муқобил иддаоҳои Гадоевро рад кард.

Шарофиддин Гадоев, раиси ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, ки шомили Паймони миллии Тоҷикистон буд, рӯзи якшанбе, 11-уми август дар суҳбати ихтисосӣ бо Azda Tv гуфт: “Чун раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар муддати 6 сол ҳеч коре барои ПМТ накард, ҳатто як вебсайти Паймон сохта шудагӣ нест. Ҳеч дастоварде дар 6 сол надошт, ба ин хотир бояд ки ба истеъфо равад. Ва ягон механизмеро ҳам пешбарӣ накард, ки бояд раҳбари ПМТ иваз шавад. Ба ҳамин хотир мо пешниҳод кардем, ки раҳбари ПМТ иваз шавад, бояд ин одам ба истеъфо равад.”

Гадоев ҳамчунин илова кард, ки дар ПМТ аз 19 узви Шӯро 13 нафарашон аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳастанд ва “маълум аст, ки дигар ин масъала манфиати гурӯҳӣ ва ҳизбиро дар инҷа тақозо мекунад, ва мо дигар дар чунин як ташкилоте, ки аксарияти онҳо аз як ҳизб ҳастанд ва намехоҳанд ин гурӯҳ ба ислоҳот даст бизананд, буда наметавонем.”

Раиси ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон таъкид кард, ки “Ба ин хотир ба онҳо то 72 соат барои вазъи ислоҳоти дохилӣ вақт додем, агар ки онҳо бихоҳанд як паймон дошта бошанд, воқеан аз рӯи фарҳанги сиёсӣ амал кунанд, пас бояд ин пешниҳодҳои моро қабул кунанд ва агар на, дигар мо тавонмандии онро надорем, ки чанд соли дигар умри худамонро аз пушти касе равем, ки як ҳизби 40 ҳазораро ба 40 нафар оварда табдил додагӣ аст.”

Ӯ сабаби асоси ихроҷаш аз сафи Шӯрои ПМТ-ро дар пешниҳодаш дар бораи талаби истеъфои раиси ПМТ медонад ва ихроҷашро як навъ “қасосгирӣ” номид. “Ин яъне, агар ҳар кас дар ин Паймон зидди раиси ПМТ ҳарф занад, дар оянда ҷазояш ҳамин мешавад, ки бо хиёнат, бо ҳар чиз гунаҳкор мешавад. Ман медонам, Худо медонад, ба ҳеч кас туҳмат накардам, бо мубориза содиқ будам, содиқ ҳастам ва агар ки ягон хиёнати маро медонанд, марҳамат бигӯянд, агар ки намедонанд, дигар ҳоло ки кор аз кор гузаштааст, баҳонае барои худсафед кардан нест.

Аммо аз сӯи дигар, сухангӯи Паймони миллии Тоҷикистон Салим Султонзода дар суҳбат ба Azda Tv акси гуфтаҳои Гадоевро гуфт. Султонзода мегӯяд, изҳороти Шарофиддин Гадоев баъд аз поёни як ҷаласаи Шӯро, ки мавзуи он ҷаласа масъалаи “берун рафтан аз ваколатҳои узви Шӯрои ПМТ Шарофиддин Гадоев” буд, садо дод ва он ҳам дар як муддати кӯтоҳ.

Султонзода мегӯяд, мавзуи асосии ҷаласа “умуман дар бораи ба истеъфо равон кардан ё талаби истеъфои раиси ПМТ набуд. Масъала вобаста ба худи Шарофиддин ва амалҳои ӯ буд, ки ҳамчун узви Шӯрои ПМТ аз ваколатҳояш берун рафтааст. Наздик ба 3 соат ин мавзуъ матраҳ шуд, Шарофиддин иштирок дошт, ҷонибҳо назарҳояшонро гуфтанд, дар онҷо мисол факту рақамҳое оварда шуданд, ки Шарофиддин онҳоро инкор карда наметавонист.

Султонзода ҳамчунин ишора кард, ки дар поёни ҷаласаи Шӯрои ПМТ масъалаи аз Шӯро берун кардани Гадоев ба овоз гузошта шуд, ки бо аксарияти оро ва қарори он ҷаласа Гадоев аз Шӯрои ПМТ хориҷ карда шуд.

Сухангӯи ПМТ дар робита ба изҳороти Гадоев гуфт, “дар он суханҳои зидду нақиз зиёд аст”, аз ҷумла иддаои ӯ, ки мегӯяд, ба хотири талаби истеъфои раиси ПМТ Муҳиддин Кабирӣ ихроҷ шуда бошад, чунин нест. “Боз як бори дигар такрор мекунам, ки дар ҷаласа ин масъала матраҳ набуд.”

Ба гуфтаи сухангӯи ПМТ, сабаби асосии ихроҷи Гадоев аз сафи Шӯрои ин эътилоф берун пой гузоштани ӯ аз ваколатҳояш ҳамчун узви Шӯрост. Салимзода таъкид кард, ки масъалаи истеъфои раис пеш аз ин ҳам дар дигар ҷаласаҳо матраҳ шуда буд, вале касе ихроҷ нашудааст, баракс, Шӯрои истеъфои раисро напазируфтааст.

Сухангӯи ПМТ ба суоли ин ки Шарофиддин Гадоев бо анҷом додани кадом амал аз ваколаташ берун баромадааст, гуфт, “Ҳоло ман тафсилотро гуфта наметавонам, вале хулосаи масъала ҳамин аст, ки ӯ бо яке аз созмонҳои хориҷӣ бе машварати Шӯро гуфтугӯ кардаст ва он созмон ҳам чанд шарте, ки муқобили сиёсати ПМТ буданд, гузоштааст, ки агар шартҳои он иҷро мешуд, истиқлолии ПМТ зери суол мерафт.

Паймони миллии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон таъсис ёфта, “Анҷумани озодандешони тоҷик”, “Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, “Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шомили ин эътилоф мебошанд. Дар ҳоли ҳозир “Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, ки раҳбариашро Шарофиддин Гадоев бар дӯш дорад, аъзогии худро дар Паймони миллии Тоҷикистон муваққатан мутаваққиф кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тазоҳуроти навбатӣ барои озодии Абдуллоҳ ва Дилмурод

Гурӯҳе аз фаъолони муқими Олмон бо талаби озодӣ ба Абдулоҳи Шамсиддин ва Дилмурод Эргашев дар назди бинои кор бо муҳоҷирони шаҳри Дортмунд гирдиҳамоӣ карданд. 

Оташбас дар Ғазза барқарор шуд

Рӯзи якшанбе, 19-уми январ соати 8:30 субҳ ба вақти маҳаллӣ оташбас дар Ғазза барқарор шуд ва мардум барои изҳори шодӣ ба кӯчаҳо баромаданд.

Зиндонӣ шудани як муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми “бадномкунии низомиёни рус”

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Новосибисрки Русия бо иттиҳоми "бадномкунии низомиён" ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд. 

Режими Раҳмонов фишор болои дигарандешонро сахттар кардааст

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) аз идомаи саркӯби озодии баён ва боздошти фаъолону мухолифин, рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.