16.9 C
Dushanbe

Артиши Исроил ҷангро аз Ғазза ба Каронаи Бохтарӣ интиқол дод

Артиши Исроил шаби гузашта ба дигар шаҳрҳои Фаластин, аз ҷумла Ҷанин, Ноблус, Тулкарам ва Тубос ҳамлаи густардаеро анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, дар ин ҳамлаҳои Исроил ба шимоли Каронаи Бохтарӣ дасти кам 11 нафар кушта шудааст, вале ин омори ниҳоӣ нест. Зеро ба гуфтаи ин ниҳод, маълум нест дар зери овораҳо чанд каси дигар ҷон бохтааст.

Расонаҳо гузориш медиҳанд, ки артиши Исроил бо баҳонаи анҷоми амалиёти зидди террористӣ ба урдугоҳи паноҳандагон ва хонаҳои маскунии аҳолӣ дар Ҷанин ва Тулкарам ҳамла кардааст.

Манобеи фаластинӣ хабар додаанд, ки артиши Исроил дар Тулкарам зерсохторҳои обиро мавриди ҳадаф қарор дода, обро аз аҳолӣ қатъ кардааст. Ҳамчунин роҳҳо ба сӯи бемористони Ибни Сино дар Ҷанин тавассути нерӯҳои исроилӣ баста шуда, бемористони Халил Сулаймон муҳосира шудааст.

Исроил ҳадафи ин ҳамлаи густардаро ба дигар шаҳрҳои Фаластин, “нобуд сохтани ячейкаҳои террористӣ” номидааст. Расонаҳои исроилӣ аз қавли сухангӯи артиши ин кишвар навиштаанд, ки ин “амалиёти бузург” дар шимоли Каронаи Бохтарӣ то чанд рӯзи дигар идома хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид дар изҳороте ҳамлаи густардаи артиши Исроилро ба дигар шаҳрҳои Фаластин маҳкум карда, онро мухолифи қонунҳои байналмилалӣ арзёбӣ кардааст. Ин ниҳоди СММ мегӯяд, Исроил бо ин рафтори ғайриқонунияш вазъро дар минтақа бадтар мекунад.

Таҳлилгарон ҳам бар ин назаранд, ки Исроил чун дар Ғазза ба ҷуз харобгарӣ ва қатлу куштори мардуми бегуноҳ чизе ба даст наовард, инак мехоҳад домани ҷангро васеътар кунад ва онро аз Ғазза ба Каронаи Бохтарӣ интиқол бидиҳад.

Ёдовар мешавем, ки артиши Исроил аз моҳи октябри соли гузашта то имрӯз ба далели ҷанг бо нерӯҳои ҲАМОС Ғаззаро комилан бомборон дорад. Тибқи гузориши расонаҳо, танҳо субҳи ҳамин рӯз дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Навори Ғазза 24 нафар кушта шудаанд, ки ҳамаи онҳо мардуми оддӣ ҳастанд.

Ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, аз оғози ҷанг то ин дам дар Ғазза дар натиҷаи ҳамлаҳои заминӣ ва ҳавоии артиши Исроил 40 ҳазору 534 нафар кушта шудаанд, ки беш аз 70 дарсади онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. Омори захмиён низ ба марзи 100 ҳазор наздик шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Ироқчӣ бо Путин. Теҳрон аз Маскав чӣ мехоҳад?

Рӯзӣ 27-уми апрели соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ дар Маскав бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ кард.

Қоидаҳои нав дар Русия барои онҳое, ки шаҳрвандӣ мегиранд

Ҳукумати Русия қоидаҳои гирифтани кумакпулии кӯдаконро барои онҳое, ки аз ин ба баъд шаҳрвандии ин кишварро ба даст меоранд, сахттар кард.

Тафсилоти нав аз парвандаи ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”

Расонаҳои давлатии Русия гузориши тоза аз ҷараёни тафтишоти ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав нашр кардаанд.

Дар соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Дар се моҳи аввали соли 2026 омори ҷиноятҳои вазнин дар саросари кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8 дарсад коҳиш ёфтааст.