Боз чанд тоҷики дигар ба парвандаи ҳамла ба “Крокус” изофа шуд

Мақомоти Русия номи панҷ зодаи дигари Тоҷикистонро, ки дар пайванд ба ҳодисаи хунини “Крокус Сити Ҳолл” боздошт шуда буданд, нашр кард.

28-уми августи соли ҷорӣ додраси Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав дар мурофиаи паси дарҳои баста ҳабси пешакии панҷ зодаи Тоҷикистон – Шаҳромҷон Гадоев, Зубайдулло Исмоилов, Мустақим Солиев, Умедҷон Солиев ва Ҳусейн Ҳамидовро то 1-уми декабри соли ҷорӣ тамдид кард.

Ба навишаи расонаҳои русӣ, ин афрод дар миёнаҳои моҳи май боздошт шудаанд, аммо ин бори аввал аст, ки номи онҳо дар расонаҳо нашр мешавад ва маълум нест чӣ гуна ва дар кадом минтақаи Русия дастгир шудаанд.

Мақомоти Русия ин панҷ зодаи Тоҷикистонро барои даст доштан дар ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” боздошт карда, нисбаташон бо моддаҳои “ҳамлаи террористӣ ва суиқасд ба куштор, ширкат дар фаъолияти созмони террористӣ ва муомилоти ғайриқонунии силоҳу маводи тарканда” парванда боз кардаанд.

Назари гумонбарон ва адвокату пайвандонашон то ҳол дар бораи ҷузъиёти боздошти онҳо маълум нест.

Ҳафтаи пеш Додгоҳи ноҳияи Басманний муҳлати ҳабси 11 зодаи дигари Тоҷикистонро, ки онҳо низ дар пайванд ба ҳодисаи хунини “Крокус Сити Ҳолл” боздошт шуда буданд, барои 3 моҳи дигар дароз кард.

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чанд нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт.

Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 144 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, беш аз 180 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Муҳоҷирони тоҷик аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Русия мегӯянд, ки маҳз пас аз ин ҳодиса санҷишу боздошт ва ихроҷи иҷбории тоҷикон афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо тағйир ёфтааст. Инчунин дар ин давра аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтани муҳоҷирон бештар шудааст.

Дар чанд моҳи охир низ чанд тарҳи нави қонунҳое дар Русия пешниҳод ва қабул гардид, ки вазъи муҳоҷирон дар ин кишварро мушкилтар мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.

Украина мегӯяд: 20 ҳазор шаҳрванди Осиёи Марказӣ барои Русия меҷанганд

Украина беш аз 20 ҳазор ҷангҷӯи ҷалбшуда ба артиши Русия аз кишварҳои Осиёи Марказиро сабт кардааст. Мақомоти Осиёи Марказӣ бошанд, мавқеи ягона надоранд.

Клинтон ояте аз Қуръон хонду шоҳ Чарлз меҳмонашро бо ҳадис пешвоз гирифт

Билл Клинтон, собиқ раисҷумҳури Амрико бо ишора ба Қуръон таҳқири мусулмононро маҳкум кард ва шоҳ Чарлзи III дар қабули султони Умон ҳадиси Паёмбар (с)-ро ба арабӣ хонд.

Оё синни нафақа дар Тоҷикистон тағйир меёбад?

Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар оянда масъалаи боло бурдани синни нафақаро баррасӣ кунад.