14.9 C
Dushanbe

Чаро Шокирҷон Ҳакимов ду моҳ боз дар ИВС нигоҳ дошта мешавад?

Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки ду моҳ пеш боздошт шуда буд, то ҳол дар тавқифгоҳ (ИВС) нигоҳ дошта мешавад.

Гуфта мешавад, ин профессор ва ҳуқуқдони тоҷик аз рӯзи боздошт, 12-уми июли соли ҷорӣ то ҳол дар тавқифгоҳе нигоҳдорӣ мешавад, ки тибқи қонун шахси муттаҳам дар он ҷо аз 72 соат зиёд набояд нигоҳ дошта бишавад. То ин муддат бояд дастури озодӣ ва ё боздошти муттаҳам расман содир шавад ва сурати судури фармони боздошт, бояд бо қарори додгоҳ ӯро ба Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) интиқол бидиҳанд.

Тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, яке аз далоили нигоҳ доштани Ҳакимов дар тавқифгоҳи кӯтоҳмуддат напазируфтани иттиҳомоти элоншуда алайҳаш аст. Манбаъ гуфта, ки “Шокирҷон Ҳакимов ҳеч иттиҳомро напазируфтааст”. Вале ҳеч масъуле нагуфтааст, ки чаро ва бо кадом далел ӯро ду моҳ боз дар тавқифгоҳ (ИВС) нигоҳ медоранд.

Ҳамчунин ин расона аз манбаи худ, ки “наздик ба тафтишот” гуфта мешавад, хабар дод, “яке аз иттиҳомҳо дар парвандаи Шокирҷон Ҳакимов ба изҳори назарҳои ӯ дар пайванд ба равобити Тоҷикистону Чин дар расонаҳо марбут аст.”

Гуфта мешавад, наздикони Шокирҷон Ҳакимов аз замони боздошт то ҳол ба ӯ ӯроку либос мебаранд, вале ӯро наметавонанд бубинанд. Танҳо вакили мудофеъ тавонистааст, ки бо ӯ гап занад.

Тибқи иттилои манбаъ, “ӯро саҳару бегоҳ ба ҳавохӯрӣ мебароранд”. Наздиконаш гуфтаанд, “пеш аз боздошт Ҳакимов муолиҷа мегирифт ва ҳоло ҳам баъзе доруро барояш ба тавқифгоҳ мебаранд.”

Ҳамзамон мақомоти тоҷик то ҳанӯз ба таври расмӣ шарҳ намедиҳанд, ки далели асосии боздошти муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон чӣ буд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи 9-уми август боздошти Шокирҷон Ҳакимовро ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода, вакили пешини порлумон ва собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон марбут донист. Ӯ дар ин нишаст Усмонзодаро расман ба “кӯшиши табаддулоти давлативу ғасби ҳокимият” муттаҳам кард ва афзуд, ки нисбати муовини аввали раиси ин ҳизб Аҳмадшоҳ Комилзода, инчунин Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷӣ, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Додситони кулли Тоҷикистон дар бораи боз шудани парванда алайҳи “чанд нафари дигар” ҳам хабар дод, вале аз онҳо ном набурд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Dushanbe Expo 2025: Душанбе мизбони намоишгоҳи байналмилалии саёҳӣ шуд

Имрӯз, 18 сентябри соли 2025, дар маҷмааи «Dushanbe Expo» Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 оғоз гардид.

Афзоиши рейди муҳоҷирон дар Русия

ОМОН-и Русия дар яке аз хобгоҳҳои наздикии метрои Строгинои Маскав беш аз 500 муҳоҷир, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро тафтиш кардаанд.

Ҷузъиёти куштори ваҳшиёнаи як хонавода дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ шаби 5 ба 6-уми сентябр як куштори ваҳшиёнае рух дод, ки Тоҷикистонро такон дод.

75 тонна кумаки башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 75 тонна кумаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар фиристод.