18.9 C
Dushanbe

Бо кадом ҷурм сардабири “Пайк”-ро ифротӣ эълон карданд?

Дар парвандаи рӯзноманигорои боздоштшуда Аҳмади Иброҳим иттиҳоми “ифротгароӣ”-ро изофа карданд.

Ба иттилои расонаҳо, баррасии парвандаи Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк” дар Додгоҳи шаҳри Кӯлоб оғоз гаштааст.

Ин рӯзноманигори тоҷик моҳи августи ҳамин сол бо иттиҳоми “пора додан ба корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ” дар шаҳри Кӯлоб  боздошт гардид ва то ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии ҳамин шаҳр зиндонӣ аст ва ба парванди ӯ “муҳри махфӣ” задаанд.

Як манбаи огоҳ аз равандаи баррасии парвандаи ин рӯзноманигор дар суҳбат ба Радиои Озоди гуфтааст, ки Додситонии шаҳри Кӯлоб ду иттиҳоми дигар: “ифротгароӣ ва тамаъҷуй”-ро дар парвандаи сардабири нашрияи “Пайк” изофа кардааст. Додситонӣ иддао карда, ки Аҳмади Иброҳим дар навиштаҳояш ба ифротгароӣ роҳ додааст.

Аммо огоҳони умур бар ин боваранд, ки мақомот Аҳмади Иброҳимро ба хотири интиқодҳояш аз мақомоти вилояти Хатлон ва масъулини шаҳри Кӯлоб боздошт кардаанд, чун ин рӯзноманигори зиндонӣ ҳамеша дар шабкаи иҷтимоӣ аз нокоромадии мақомот дар таъмини об, барқ ва тозагии кӯчаҳои шаҳр интиқод мекард ва дарди мардумро мегуфт.

Дар вокуниш ба иттиҳомоти нави Додситонии Кӯлоб ба Аҳмади Иброҳим Исфандиёри Одина, рӯзноманигори табъидии тоҷик дар Фесйбук боздошти ӯро маҳкум карда, ин иттиҳомотро “сохтагӣ” номаидааст. Ӯ дар ин бора чунин менависад:
Ин дар сиришти режимҳои диктотурӣ аст, ки бо мафоҳими озодии баён ва матбӯъоти озод миёнаи хубе надоранд ва режими истибдодии Раҳмон ҳам аз ин қоъида истисно нест.

Исфандиёри Одина ҳамчунин таъкид мекунад, ки пас аз ду моҳи боздошт изофа шудани иттиҳоми наве ба парвандаи Аҳмади Иброҳим баёнгари он аст, ки “мақомҳои фосиди Тоҷикистон аввал ба таври худсарона ин рӯзноманигори маҳаллиро боздошт кардаанд ва баъд барои ӯ парвандасозӣ мекунанд! Яъне, ӯ бегуноҳ аст, баръакс ин мақомҳои фосид ҳастанд, ки бояд барои чунин дасисае тамомъиёр ъалайҳи озодии баён ба зиндон раванд.

Аҳмади Иброҳим дар ҳоле аз ҷониби Додситонии Кӯлоб ба “ифротгароӣ” муттаҳам мешавад, ки худи ӯ моҳи январи соли 2015 аз ҷониби Нусрат Назаров машҳур ба Абухолиди Кӯлобӣ, ки он замон дар Сурия меҷангид, мавриди таҳдид қарор гирифта буд.

Абухолиди Кулобӣ дар як тамоси телефонӣ Аҳмади Иброҳимро таҳдид ба қатл кард ва гуфт агар аз “бад кардани муҷоҳидон даст накашад ӯро ба қатл ва идораи нашрияро метарконад.

Аҳмади Иброҳим, ки 62 сол дорад, муаллифи китобҳои “Куруши Кабир”, “Рӯди пурхун”, “Спитаман. Катан. Тахористон” ва “Ҷаҳиши охирини бабр” мебошад.

Ӯ дар соли 2012 нашрияи “Пайк”, ягона ҳафтаномаи мустақил дар вилояти Хатлонро номнавис кард. Вале дар беш аз даҳ соли охир фаъолияти ин расона бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ буд. Гоҳе барои танқиду суханони тунди худ баҳсбарангез мешуд ва гоҳе ҳам ба сабаби мушкилоти молӣ аз нашр бозмемонд.

Гуфта мешавад, соли 2023 ҷойгоҳи Тоҷикистон дар шохиси озодии баён дар ҷойгоҳи 153 ва Афғонистон бошад дар ҷойгоҳи 152 қарор дошт. Яъне, вазъи озодии баён дар Тоҷикитон як зина поёнтар аз Афғонистони зери ҳокимияти Толибон буд.

Солҳои 2022 ва 2023 дар Тоҷикистон ҳафт рӯзноманигор бо иттиҳомҳои бофта барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ гардиданд. Чаҳор хабарнигор — Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Хуршед Фозилов — аз 7 то 7,5 сол зиндонӣ шуданд. Хушом Ғулом ба 8 сол, Далери Эмомалӣ ба 10 сол ва Улфатхоним Мамадшоева ба 20 сол аз озоди маҳрум гаштанд. Дар соли 2024 бошад, нависандаи машҳури тоҷик Абдуқодири Рустам ба 4 солу 6 моҳ, Абдухалил Холиқзода, соҳибкор ва муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ба 6 солу 6 моҳ ва Суҳроб Раҷабзода, роҳбари нашриёте, ки китоб дар он чоп шудааст, ба 1 соли зиндон маҳкум шуданд.

Дар пасманзари ин боздоштҳо хеле аз созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар вокуниш карда, озодии ин рӯзноманигоронро аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буданд. Бахусус Созмони ҳимоят аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ) бо нашри баёнияе хостори озодии фаври Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк” гардида буд.

Ҳамчунин дар ҳошияи нишастҳои имсолаи САҲА Гулноза Саид, масъули бахши Аврупо ва Осиёи Марказии ин созмон гуфт, ки вазъи озодии баён дар давоми 3-4 соли охир дар Тоҷикистон нисбати ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама бадтар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар зиндонӣ кардани рӯзноманигорон дар байни ин кишварҳо дар ҷои якум меистад. Хонум Гулноза таъкид кард, ки ҳоло дар зиндонҳои режими Эмомалӣ 8 рӯзноманигор зиндонӣ ҳастанд.



Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бо кушта шудани Яҳё Синвор дар Ховари Миёна чӣ чиз тағйир меёбад?

Рӯзи панҷшанбе, 17-уми октябр артиши Исроил хабар дод, ки дар як даргирӣ дар шаҳри Рафаҳи Ғазза Яҳё Синвор, раҳбари сиёсии ҲАМОС-ро куштааст.

Вокуниши мухолифин ба зиндонӣ шудани раҳбарони “Гурӯҳи 24”

Бархе аз созмонҳои мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудани намояндагони "Гурӯҳи 24" вокуниш карданд.

Додгоҳ раҳбарони “Гурӯҳи 24”-ро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард

Додгоҳи шаҳри Душанбе раҳбари "Гурӯҳи 24" Суҳроби Зафар ва узви ин гурӯҳ Насимҷон Шарифовро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Раиси пулис бо иттиҳоми таҷовуз ба номус боздошт шуд

Сардори милисаи ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат аз ҷониби маъмурони Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт шудааст.